Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил (тав. 1913, Теҳрон), адабиётшиноси эронӣ . Баъди хатми мактаби олӣ  чанде дар мактабҳои миёнаи Рашт ва Теҳрон муаллим буд. Фаъолияти илмию адабии Xонларӣ  серсоҳа буда, масъалаҳои гуногуни шеъри форсӣ -тоҷикӣ , адабиёти муосири форсӣ , забон ва тамаддуни гузаштаи халқҳои эрониро фаро гирифтааст. Дар монография ва мақолаҳои ў — «Шеър ва ҳунар», «Забоншиносӣ  ва забони форсӣ », «Таърихи забони форсӣ » (ду ҷилд), «Вомиқ ва Азро»-и Унсурӣ  ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ , «Пасту баландиҳои шеъри нав», «Вазни шеъри_форсӣ », «Таҳқиқи интиқодӣ  дар арўзи форсӣ » ҷиҳатҳои мухталифи адабиётшиносӣ , нақди адабӣ , таърихи забону забоншиносӣ  ва эҷодиёти шоирони бузурги форс-тоҷик мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Xонларӣ  бо ҳамроҳии Забеҳуллоҳи Сафо зери унвони «Шоҳкориҳои форсӣ » як силсила асару достонҳои маъруф — «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ , «Рустам ва Сўҳроб»-и Фирдавсӣ , «Сафарнома»-и Носири Хисрав ва ғ.-ро ба чоп ҳозир намудааст. Xонларӣ  инчунин шоир аст (маҷм. «Моҳ дар мурдоб»). Xонларӣ  нашри ж. «Сухан»-ро (1943—79) ба роҳ монда, дар тарғиби адабиёти мутараққии Эрон ва инкишофи равобити илмию адабӣ  бо дигар кишварҳо, аз ҷумла, Иттифоқи Советӣ  ҳиссаи калон гузоштааст. Ў ду бор ба Тоҷикистон омада, дар Симпозиуми шеъри форсӣ  (1967) ва ҷашни 650 солагии зодрўзи Ҳофизи Шерозӣ  (1975) суханронӣ  кардааст. Баъзе мақолаю шеърҳои Хонларӣ  ба забонҳои русӣ , тоҷикӣ  ва ўзбекӣ  чоп шудаанд. Доктор ва профессори фахрии УДТ ба номи. И. Ленин. Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …