Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОНИИ ХЎҚАНД

ХОНИИ ХЎҚАНД

ХОНИИ ХЎҚАНД, давлати феодалиест, ки асрҳои 18—19 дар водии Фарғона (марказаш ш. Хўқанд) вуҷуд дошт. Намояндаи қабилаи минг Шоҳрух-бий (асосгузори Xонии Xўқанд) с. 1710 дар музофоти Хўқанд мулки на он қадар калон ба даст оварда, худро аз аморати Бухоро ҷудо ва соҳибихтиёр эълон кард. Набераи ў Ирдона-бий (ваф. 1774) дар мубориза бар ҳамсояҳояш ғолиб омада, дар ҳайати Андиҷон, Намангон ва Марғелон Xонии Хўқандро ташкил намуд. Амири Бухоро Xонии Хўқандро ҳамчун давлати соҳибихтиёр (с. 1758) шинохт.xonii-xeva-xukand

Xонии Xўқанд дар давраи ҳукмронии амирон Олимхон (ҳукмр. 1800—09), Умархон (ҳукмр. 1809—22), Муҳаммадалихон (Мадалихон) (ҳукмр. 1822—42) аз ҷиҳти сиёсӣ  пурқувват ва аз ҷиҳати территорӣ  хеле васеъ гашт. Ба ҳайати он Тошкент, Хўҷанд, Қаротегин, Дарвоз, Кўлобу Олой ҳамроҳ карда шуд. Ҳокимони Xонии Хўқанд дар сарҳади қазоқҳо қалъаҳои мустаҳками Оқмасҷид (Қизилўрдаи ҳозира), Ав-лиёато (ш. Ҷамбул), Пишпек (ш. Фрунзе) ва ғ. бино карданд.

Асоси зироатро дар Xонии Xўқанд пахтакорӣ  ва шоликорӣ  ташкил медод. Дар шаҳрҳои калонтарини хони Хўқанд, Андиҷон, Намангон, Марғелон, Тошкент, Хўҷанд ва ғ. ҳунармандӣ , косибӣ , хусусан шоҳбофӣ  ва бофандагӣ  тараққӣ  карда буд. Маҳсулот ба диг. ҷойҳо бурда мешуд. Дар замони ҳукмронии Мадалихон исён ва шуришҳои халқӣ  бисёр cap мезад. Аз вазъи нооромии Xонии Xўқанд истифода бурда, амири Бухоро Насруллоҳ ба Мадалихон зарбаи сахт зада, як қатор вилоятҳои дар ихтиёри ў бударо (Тошкент, Хуҷанд) забт намуд. Дар Хуҷанд волии Бухоро ҳоким таъин гардид. Аммо Шералихон (амакбачаи амнр Олимхон), ки бо таклифи фарғонагиҳо омада буд, маъмурони бухороиро ронда, ҳуҷумҳои нави амир Насруллоҳро зада гардонд. Шералихон ҳокимли Хуҷанд шуда, аз сари нав Тошкент ва Хуҷандро ба даст овард. Пас аз вафоти Шералихон писари хурдсоли ў Худоёрхон эълон шуд. Вале сардори давлат аслан Мусулмонқул (ноиби хон) буд. Ба ҳокимияти давлатӣ  ва тамоми вазифаҳои ҳарбию гражданӣ  асосан қипчоқҳо ихтиёрдорӣ  мекарданд. Онҳо ба сари халқи меҳнаткаш ранҷу мусибатҳои зиёде оварданд. Қипчоқҳо аҳолии муҳимии маҳаллиро бераҳмона истисмор намуда, замину дороии онҳоро тороч мекарданд. Дар байнн феодалони қипчоқ барои ҳокимият муборизаи пуршиддат авҷ гиифт. Худоёр аз ин ҳолат истифода бурда, ба Мусулмонқул ва тарафдоронаш зарбаи қатъӣ  зад. Сент. 1851 қатли оми қипчоқҳо cap шуда, онҳо пурра торумор гардиданд.

Дар миёнаи а. 19 Осиёи Миёнаро забт кардани ҳукумати подшоҳии Россия оғоз ёфт.

Қушунҳои Россия 17 май 1865 ш. Тошкент, 24 май 1866 Хуҷандро ишҳол карданд. Худоёр территоряи бисёрро аз даст дод. Ба замми он андозҳоро зиёд намуд. Ин кори ў боиси норозигии пуравҷи халқ ва cap задани шурши (с-ҳои 1874—76) гардид. Шўриш пояи Xонии Хўқандро суст кард.

Қушунҳои рус 2 моҳ бар зидди шўришгарон мубориза бурда, онҳоро шикаст доданд. 19 февр. 1876 Xонии Xўқанд барҳам хўрда, сарзамини он ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон дохил шуд.      Ш. Шарифов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …