Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОНИИ ХЕВА

ХОНИИ ХЕВА

ХОНИИ ХЕВА, давлати феодалӣ  дар Осиёи Миёна, ки с. 1512 Элбарсхон (ҳукмр. 1511—38), писари Беркасултон аз авлоди Ҷўҷӣ  ташкил карда буд. Ба ин хонӣ  воҳаи қадимии зироаткории Хоразм, заминҳои туркманнишини Манқишлоқ дар маҳалли кўҳҳои Балхаш, Деҳистон ва қисми шимоли Хуросон дохил мешуданд. Аҳолии Xонии Xева. асосан авлодони сокинони қадимаи Хоразм, қабилаҳои гуногуни туркман ва узбекҳои бодиянишин буданд, ки бо зироат ва чорводорӣ  машғул мешуданд. С. 1740 Нодиршоҳ (1736—47) Xонии Хеваро ишғол кард, вале с. 1747 вай истиқлолияти худро боз ба даст овард. С, 1763 ба сари давлати Xонии Xева намояндаи феодалони ўзбек Муҳаммад Амин (1763—90) омад, кн дар аҳди ў ҷангҳои байниқабилавии феодалӣ  сусттар шуд ва ин боиси таракқӣ  кардани косибӣ  ва тиҷорат гардид. Ин процесс то ох. а. 18 ва нимаи якуми а. 19 давом кард.

xonii-xeva-xukand

С. 1804 дар Xонии Xева сулолаи қунғуротҳо қатъиян пойдор гардид, ки он то 1920 давом кард. Намояндаи ин сулола Муҳаммадраҳими I (1806 —25) сохти давлатдории мамлакатро ба тартиб дароварда, Шурои олиро таъсис дод, дар соҳаи молия ислоҳот гузаронд, боҷхона ва сикказании тангаи тиллоро ба роҳ монд, ҳамаи мулкҳои хурди мустақил, аз ҷумла қароқалпоқҳои озодӣ  дўст ро низ ба худ тобеъ намуд. С. 1873 дар Xонигарии Xева протекторати Россия барқарор гардид. Агарчанде ҳукумати подшоҳӣ  ва буржуазияи рус дар Xонигарии Xева сиёсати мустамликадориро гузаронда бошад ҳам, дар давраи протекторат дар Xонигарии Xева қувваҳои истеҳсолкунанда тараққӣ  кард. Зироат, косибӣ  инкишоф ёфт, корхонаҳои пахтатозакунӣ , равғанкашӣ , таҳвили ашёи х. қ. ва ғ. сохта шуд. Дар солҳои 1912, 1915—16 муборизаи байни гурўҳҳои  феодалии ўзбек ва туркман барои ҳокимият, замину об ва ғорат кардани меҳнаткашон тезу тунд шуд. Дар ин давра дар мамлакат зулми феодалӣ  бар омма пурзур гардида, боиси авҷгирии муборизаи синфӣ  гардид. Ба қувват гирифтани ҳаракати зиддифеодалии меҳнаткашони Xонигарии  Xева революцияҳои буржуазию демократӣ  дар Россия ва Туркистон (солҳои 1905—07 ва февр. 1917) таъсири калон расонданд. Ба инкишофи минбаъдаи ҳаракати революционии меҳнаткашони Xонигарии Xева Революцияи Кабири Социалистии Октябр такони бузург дод. Баромадҳои зиддифеодалии меҳнаткашон хусусияти оммавӣ  пайдо карданд. Бо ташаббуси большевикони рус (ки дар Xонигарии Xева зиндагӣ  ва дар корхонаҳои саноатӣ  кор мекарданд) ва болшевикони Хоразм ва қисми пешқадами ҷавонхевагиён дар Xонигарии Xева нахустин ячейкаҳои коммунистӣ  пайдо шуданд. Маҳз болшевикони Хоразм бо ёрии беғаразонаи болшевикони рус ва Туркистон Революцияи Халқии Хоразмро бо муваффақият ба амал бароварданд. Февр. 1920 хони сарнагун карда шуда, апр. худи ҳамон сол — Республикаи Xaлқии Советии Хоразм (РХСХ) ташкил карда шуд.

Т. Г. Тўхтаметов,

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …