Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОНАШУМОР

ХОНАШУМОР

ХОНАШУМОР, хонапулӣ, ҳавлипулӣ, як навъ андозест, ки а. 19— ибт. а. 20 дар хониҳои Осиёи Миёна барои манзилу ҷой аз аҳолӣ меситониданд. Дар аморати Бухоро аз дар хонавода соле 15 тангаи тилло Xонашумор мегирифтанд. Дар хонии Хўқанд Xонашумор  20—40 тангаи нуқраро ташкил медод. Дар баъзе мавридҳо (ҳангоми ҷанг бо дигар давлатҳо, барои ташкили ҷашнҳо ва ғ.) аз аҳолйӣ со­ле  чанд бор Xонашумор меситониданд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани шўришҳои халқӣ мегардид.  Б. Исмоилова.

nalog-doma

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …