Главная / Ҷамъият / ХОНАҚОҲ

ХОНАҚОҲ

ХОНАҚОҲ  зовийа, такя, работ, маҳалли ҷамъомади дарвешон ва соликони роҳи тариқат, ки таҳти иршоди пир роҳу усули маърифати ирфониро меомўзанд. Дар ибтидои пайдоиши тасаввуф дарвешон бештар вайронаҳоро гўшаи узлат интихоб мекарданд. Баъдтар теъдоди онҳо зиёд шуда, дар Xонақоҳ гурўҳ-гурўҳ ҷамъ мешуданд. Бино ба ақидаи муаллифон «Тароиқ-ул-ҳақоиқ» Муҳаммад Маъсуми Шерозӣ аввалин Хонақоҳро барои сўфиён дар Ромлу ном маҳалли шаҳри Шом бино карда буданд. Бештари Хонақоҳҳо аз назру ҳадя ва садақаи накўкорон сохта мешуданд ва ба ҳар яки он шайх в муршиде сардорӣ мекард. Давраи риёзати солик дар Xонақоҳ ба истеъдод ва тарзи таълими шайхҳо вобаста буд.

poem-or-sufi-4

Дарвешон дар Xонакоҳ мароҳили сулукро тай менамуданд. Баъд мурид аз шайхи Xонақоҳ иҷозат ба иршоди дигарон гирифта, Хонақоҳро  тарк мекард ва дар шаҳри дигар Хонақоҳи тозае ҳамчун як шуъбаи Хонақоҳи шайхи худ таъсис менамуд. Ҳамин тавр чандин Хонақоҳҳо дар шаҳрҳои мухталифи Шарқи Миёна ва Наздик ба вуҷуд омаданд. Сайёҳи араб Ибни Батута зимни шарҳи сафарҳояш ба мамлакатҳои Шарқ Xонақоҳ ва работро маҳалли ташвиқу тарғиби афкори ирфонӣ номидааст.

Мувофиқи расму одати тасаввуфӣ муршидони ҳамаи Хонақоҳҳо ба шайхи Хонақоҳи нахустин тобеъ буда, пайравони тариқати ў ба шумор мерафтанд ва халифаи Хонақоҳи нахустин ба ҳамаи тобеони худ ҳукми раво дошт. Гоҳо дар байни шайхони Хонақоҳҳои як тариқати муайяни суфия ихтилофе ба вуҷуд меомад, ки боиси пайдоиши ду силсилаи алоҳидаи як тариқат мегардид. Масалан, силсилаи нурбахшияю заҳабия ҳамин хел ба вуҷуд омада буданд.

Бино ба ақидаи аксари муҳаққиқони тасаввуф сўфиёне, ки дар Xонақоҳ тарбият мегирифтанд, чаҳор мартабаро бояд аз cap гузаронанд. Мар­табаи аввалро мубтадӣ (омўзиши риёзат), дуюмро мутадарриҷ (ром кардани нафс), сеюмро шайхӣ (идораи Xонақоҳ) ва чаҳорумро қутб (пири машоих) меноманд.

Робитаи шайхони Хонақоҳҳо як навъ хешовандию бародарии сўфиёнро падид овард, ки он аз Хуросону Мовароуннаҳр cap карда то Сурияю Искандария интишор ёфта буд.

М. Ҳазратқулов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …