Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНАИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ

ХОНАИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ

dom-kultura

ХОНАИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ, муас­сисаи давлатии маданият, маркази ташкилию методӣ ва эҷодии ҳаваскорони санъати клубҳои давлатӣ (қасри хонаҳои маданият, клубҳо, боғҳои маданияту истироҳат ва ғ.). Калонтарин Хонаи марказии эҷодиёти халқӣ ба номи Н. К. Крупская с. 1936 дар Москва таъсис ёфт. Xонаи эҷодиёти халқ дар ихтиёри Вазорати маданияти республика, Управленияи маданият кишвар, вилоят ва ғ. аст. Xонаи эҷодиёти халқ барои ҳаваскорони санъат репертуар тайёр мекунад, ёрии методӣ ва маслиҳат медиҳад, ба инкишофи жанрҳои эҷодиёти бадеии халқ шароит фароҳам оварда, алоқаи санъати касбию эҷодиёти ҳаваскоронро мустаҳкам мекунад. Дар интихоб ва истифодаи асарҳои фолклори маҳалҳо ба ҳаваскорони санъат ёрӣ мерасонад; якҷоя бо муассисаҳои илмии тадқиқотии маданият ва санъат дар пешрафти анъанаҳои беҳтарини эҷодиёти халқ имконият ба вуҷуд меорад. Xонаи эҷодиёти халқ барои такмлли ихтисоси коркунони маданият курсҳо мекушояд, семинар-маҷлисҳо мегузаронад, фестивал, конкурс, намоишҳо ва ғ. ташкил менамояд. С. 1929 ба муносибати ташкили РСС Тоҷикистон дар Душанбе аввалин азназаргузаронии республикавии ҳаваскорони санъат баргузор гардид, ки дар он ҳамагӣ 100 нафар ҳаваскорон иштирок доштанд. Моҳи май 1938 дар Душанбе Хонаи республикавии эҷодиёти халқ ба кор cap кард. Xонаи  эҷодиёти халқи Тоҷикистон  ба муассисаҳои маданӣ, клубу автоклубҳо, театрҳои халқӣ, ансамблҳои халқӣ, ун-ҳои халқии маданият, боғҳои маданияту истироҳат ва дигар коллективҳои эҷодии халқ роҳбарӣ мекунад ва ба онҳо ёрии методӣ мерасонад.      К- Саидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …