Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОНАИ БАЧАГОН

ХОНАИ БАЧАГОН

ХОНАИ БАЧАГОН, дар СССР муассисаи давлатии тарбиявӣ барои бачагоне, ки аз падару модар ҷудо мондаанд ё алоқаи худро бо онҳо гум кардаанд ва ба ёрию муҳофизати давлат муҳтоҷанд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ Xонаи бачагон дар ихтиёри Комиссариати халқии таъминоти социалӣ буда, аз с. 1920 ба системаи органҳон маорифи халқ гузашт. Ду хел Xонаи бачагон мавҷуд аст: Xонаи бачагони томактабӣ — барои бачагонн то 7-сола ва мактаби — барои бачагони 7—18 сола. Xонаи бачагон  якҷоя бо мактаб масъалаҳои тарбияи коммунист, инкишофи ҳаматарафаи бачагонро ҳал карда, тарбиягирандаҳоро ба ҳаёти мустақилона тайёр менамояд. Баробари беҳтар гардидани дараҷаи некуаҳволии меҳнаткашон адади Xонаи бачагон ва тарбиягирандагони он кам мешавад.

xonai-bachagon

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …