Маълумоти охирин

ХОМТОК

tok

ХОМТОК, як навъ тадбири агротехникии парвариши токро гўянд, ки бо мақсади боз доштани рушди навдаҳо мегузаронанд. Xомток ба қувват гирифтану расидани навда ва ширагирии амур мусоидат мекунад. Xомтокро мувофиқи шароити маҳаллу токзор ва навъҳои ангур одатан пеш аз гул ё баъди гул (Хомтоки якум) ва июн — июл, вақте ки ангур ба ширабандӣ cap мекунад (Хомтоки дуюм) мегузаронанд. Ҳангоми Хомтоки навъҳои ангури майбоб, ки 75—85%-и навдаҳояшон ҳосилдеҳанд, тамоми навдаҳои беҳосил ва қисман навдаҳои ҳосилдори сабзишашон сустро канда мепартоянд. Вақти Хомтоки навъҳои ангури хўрданибоб (тоифӣ., ҳусайнӣ, ҷавз, шакарангур ва ғ.), ки фақат  45—50%-и навдаҳояшон ҳосилдеҳанд, навдаҳои беҳосилро ҳам қисман нигоҳ медоранд. Агар навдаҳои беҳосили навъҳои ангури хўрданбобро пурра канда партоем, он гоҳ рушди реша ва баргу пояи ток номураттаб мегардад, навдаҳо босуръат сабзида дароз мешаванд, гулу ғўра мерезад. Ҳангоми Хомтоки дуюм асосан навдаҳои паҳлуиро мекананд. Вақти Хомтоки тобистона аз ҳад зиёд буридани навдаҳои ток (дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон) зарарнок аст, вазни миёнаи хўшаи ангур ва қанднокии он кам, туршии ан­гур зиёд мешавад. Xомток яке аз омилҳои муҳимми серҳосилии ток аст.

Ад.: Кириллов.. И. Ф. [ва диг.]. Виноградарство Таджикистана, Д., 1969.

X- Мурадов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …