Главная / Гуногун / ХОЛОВ Зикрулло

ХОЛОВ Зикрулло

ХОЛОВ Зикрулло (тав. 1914, де­ҳаи Ҳисори pаёни Ҳисор), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Социалисти (1948). Колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози ба номи И. В. Сталин (ҳозира колхози «Съезди 22-юми КПСС»), раиси колхоз, колхозчии колхози «Съезди 22-юми КПСС»-и раёни Ҳисор (1930-74) буд. Аз с. 1974 нафақагири шахсӣ. Бригадаи Xолов солҳои 1946—48 ҳосили фаровони пахта рўёндааст. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …