Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ Фахруддин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ Фахруддин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ  Фахруддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аҷдодаш аз Макка буданд, вале ў дар Хуросон ба дунё омад ва камол ёфт. Дар дарбори шоҳони салҷуқӣ хидмат мекард. Бо шоири ҳамзамонаш  Анварӣ мукотиба ва робитаи дўстӣ дошт.

Аз осори адабии Xолид ибни Рабеъ  79 байт (қасидаҳо, ғазалҳо, қитъаҳо) дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ омадааст. Ашъораш дар мавўъҳои мадҳ ва ишқанд. Ашъори ишқиаш нисбат ба қасидаҳояш аз ҳайси бадеият болотаранд. Ин абёт аз ўст:

Дар хоб аз он симинбаногўш

Ташрифи хаёл ёфтам дўш.

Бе он ки зи ман кашид заҳмат,

То рўз кашидамаш дар оғўш.

Гаҳ бўса ҳамезадам бар он чашм,

Гаҳ ҳалқа ҳамешудам ба он гўш…

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …