XОKCOPӢ- тавозӯъ, фурутанӣ, сифати неки ахлоқиро гӯянд, ки муносибати шахсро ба атрофиён ифода мекунад. Худро аз дигарон бартару афзал нашуморидан, ба талаботи ҷамъият тобеъ будан, эҳтиёҷи шахсиро бо шароити ҳаёти моддию маънавӣ мувофиқ намудан, эҳтироми атрофиёнро ба ҷо овардан, ба камбудии ночизи дигарон хурдагирӣ накардан, нисбат ба худ серталаб будан нишонаҳои асосии Xоксорӣ аст. Дар афкори ахлоқии шоирон ва мутафаккирони форс-тоҷик Xоксорӣ бо мафҳуми тавозӯъ маълум аст. Дар «Ахлоқи Муҳсинӣ» гуфта шудааст, ки зимни тавозӯъ шахсе «иззату ҳурмати худро бартараф ниҳода, дигаронро азизу мӯҳтарам созад». Ин сифати накӯи инсониро дар бачагӣ бояд аз хурдсолӣ тарбия кард. Барои онон фахр кардан аз молу чизе ё ҷою ҷалоле раво намебошад.
Тавозӯъ туро арҷмандӣ диҳад,
Зи рӯи шараф сарбаландӣ диҳад.
Хоксорӣ як шакли идроки вазифаи шахс дар назди ҷамъият аст. Фарди хоксор фазилатҳои хешро сифат накарда, онро ҳодисаи муқаррарӣ медонад. Зидди Xоксорӣ кибр аст, ки касро хор ва залил созад. м. Мирбобоев.