Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ(с. тав. номаълум — ваф. 1697, Майвот, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Гузаштагонаш аз Хофи Хуросон буда, аз он ҷо ба Шероз, аз Шероз ба Ҳиндустон рафтаанд. Xоксор дар сарзамини Ҳинд таввалуд шуда, ба камол расидааст. Вазифаи фавҷдории шаҳру вилоёти Сарҳинд, Сикандаробод ва Шоҳиҷаҳонободро ба ҷо овардааст. ӯ дӯсту ҳомии Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Шерхони Лудӣ ва дигар шоирону олимони давр буда, дар пешрафти илму адабиёти хеш хидматҳои зиёде кардааст. Xоксор шоири соҳибдевон аст. Аз девони ашъораш, ки шомили ғазалу рубоӣ, қитъа ва чанд маснавии хурд аст, як нусхаи хаттӣ дар китобхонаи Банкипур (шаҳри Патнаи Ҳиндустон) нигоҳ дошта мешавад. Яке аз шарҳҳои «Маснавӣ»-и Ҷaлолуддини Румӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Б. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …