Маълумоти охирин

ХОКӢ

ХОКӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик, Дар охири а. 19- ибт. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Зодгоҳаш деҳаи Кеврони ҳозира райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Xокӣ равшан нест. Аз осори ӯ тақрибан 100 байт ғазал, рубоӣ ва абёти пароканда тавассути баёзҳо (махсусан баёзҳои тартибдодаи Юлдошбии Доии Бухорӣ ва шоири муосири X.- Ноҷӣ, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои АФ РОС Тоҷикистон зери рақами 819 маҳфузанд) дастрас гардидааст. Ин банди мухаммас намунае аз ашъори ӯст:

Аз хаҷри ту хуни дилам аз дида чакида,

Ин қомати афсурда аз ҷаври ту хамида,

Савдозадаи ишқи туам дардкашида.

Эй ҳамчу парӣ аз мани девона рамида,

Сад бор маро дидаву гӯё, ки надида…

А. Њабибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …