Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОКБОД

ХОКБОД

xokbod

ХОКБОД, шамоли сахтест, ки миллионҳо тонна чангро ба масофаи якчанд ҳаз. км интиқол медиҳад. Одатан дар фасли гарми сол дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва чулҳои кушод ҳангоми аз ҳад зиёд хушк шудани хок дар шароити кам будан ё тамоман набудани растаниҳо ба вуҷуд меояд. Дар ШМА, Хитой, Миср, СССР (дар Украинаи Ҷанубӣ, Кавкази Шимолӣ, дар даштҳои Қазоқистон ва Осиёи Миёна) ва дар диг. мамлакатҳо маъмул аст. Асосан Хокбоди сахт ҳангоми кишти нодурусти замин ба вуҷуд меояд. Xокбод ба хоҷагии қишлоқ, зарари калон мерасонад: киштзорро хокпӯш ва қабати муайяни рӯи заминро хароб менамояд, дар роҳи оҳан рег туда мекунад ва ғ. Барои муҳофизат аз Xокбод дарахтҳо мешинонанд, чораҳои агрегатии барфу обнигоҳдорӣ ва ғ. мебинанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …