Маълумоти охирин

ХОК

ХОК, ҷисми махсуси табииеро гӯянд, ки як қатор сифатҳои ба табиати зинда ва ғайри зинда хос дорад; иборат аз қабатҳои генетикии ба ҳам алоқаманд аст, ки дар натиҷаи тағйироти қабати болоии литосфера зери таъсири якҷояи об, ҳаво ва организми зинда ба вунҷуд меоянд. Xок ҳосилхез мешавад (пиг. Ҳосилхезии хок). Тасаввурот оид ба Xок ҳамчун қисми мустақили табии дорои сифатҳои махсус, ки бо онҳо аз дигар ҷинсҳои куҳӣ (ҷинсҳои хокҳосилкунанда) фарқ мекунад ва дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии омилҳои хокҳосилкунанда инкишоф меёбад, охири а. 19 ба вуҷуд омад. Асосгузори хокшиносии ҳозира В. В. Докучаев мебошад. То ин вақт Хокро яке аз ҷинсҳои геологӣ меҳисобиданд. Ҳосилхезӣ, яъне қобилияти растаниро бо обу ғизо таъмин кардани Xок имкон медиҳад, ки он дар бавуҷудоии биомасса иштирок намояд. Ҳосилхезии табиӣ гуногун буда, ба таркибу хосияти Xок ва омилҳои хокҳосилкунанда вобастааст. Xок воситаи асосии истеҳсолоти х. қ., дар натиҷаи таъсири аг­ротехникӣ, агрохимиявӣ ва мелиоративӣ серҳосил мешавад, нишондиҳандаи он ҳосилнокии зироати х. қ. мебошад.

xok

Иқлим, ҷинсҳои куҳӣ набототу ҳайвонот, релеф, синни геологии сарзамин, инчунин фаъолияти хоҷагии инсон омилҳои асосии хокҳосилшавианд. Иқлим ба хусусияти бодхурдашавии ҷинсҳои куҳӣ, режими намии хок, режими ҳарорати хок таъсир мерасонад, ба протсесҳое, ки дар Xок мегузаранд, мусоидат мекунад ва дар ташаккули олами набототу ҳайвонот мавқеи муҳим дорад. Ҷинсҳои куҳӣ дар ҷараёни хокҳосилшавӣ ба Xок табдил меёбанд. Хосиятҳои физикӣ, қобилияти обу ҳавогузаронӣ, обнигоҳдорӣ, инчунин мизони намӣ, ҳарорати ҳаво, суръати ҳаракати моддаҳои Xок ва ғ. ба таркиби транулометрӣ (механикӣ) ва хусусияти сохти он вобастаанд. Таркиби минералии ҷинсҳои куҳӣ тар­киби минералию химиявӣ ва миқдори ибтидоии элементҳои ғизоии барои растанӣ зарури Хокро муайян мекунад. Наботот ба Xок таъсири бевосита дорад: решаи наботот Хокро нарм ва сохти онро беҳтар менамояд. Ҳайвонот дар ҷараёни ҳаёти худ таҷзияи моддаҳои органикиро тезонида, ба ташаккули Xок мусоидат мекунанд. Таъсири асосии релеф аз он иборат аст, ки омилҳои иқлим (намӣ, ҳарорат ва таносуби онҳо) ва дигар омилҳои ташаккули Хокро дар сатҳи замни аз нав тақсим менамояд. Синни сарзамин умуман ва синни Xок махсусан, ин­чунин тағйири шароити хокҳосилшавӣ дар ҷараёни инкишофи онҳо ба сохт, хосият ва таркиби Xок таъсири калон мерасонад. Фаъолияти хоҷагии инсон ба баъзе омилҳои хокҳосилшавӣ, масалан, ба наботот ва тавассути шудгор (ниг. низ Коркарди хок), мелиорация, истифодаи нуриҳои минералӣ, нуриҳои органикӣ ва ғ. бевосита ба Xок таъсир меку­над. Вобаста ба интенсивонии х. қ. таъсири инсон ба ҷараёни ҳосилшавии Хок мунтазам меафзояд.

Xок аз қисмҳои сахт, моеъ, газ ва зинда (фауна ва флораи Xок) иборат аст. Таносуби онҳо на танҳо дар Xокҳои гуногун, балки дар қабатҳои гуногуни як навъи Хок низ ҳар хел мешавад.

Дар қисми сахти Xок моддаҳои минералӣ бештаранд. Ҳосилхезии Xок асосан ба таркиби минералии қисми сахти он вобаста аст. Ба тар­киби моддаҳои минералӣ  Si, AI, Fc, К, N, Mg, Са, Р, S дохил мешаванд; микроэлементҳо (Сu, Mo, I, В, F, РЬ ва ғ.) камтаранд. Қисми сахти Xок моддаҳои органикӣ низ дорад, ки 80-90%-и он аз омехтаи мураккаби моддаҳои гумусӣ (порухок) иборат аст. Ба таркиби моддаҳдои органикӣ инчунин пайвастагиҳое, ки аз наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо пайдо шудаанд ва клетчатка, лигнин, сафеда, қанд, қатрон, равған, моддаҳои даббоғӣ ва ғ. доранд, дохил мешаванд. Онҳо дар шароити табиӣ манбаи асосии ғизои нитрогении растанианд.

Қисми моеъ, яъне маҳлули Xок ҷузъи фаъол буда, вазифаи ба Xок гузаронидану аз он берун кардани моддаҳо ва бо обу элементҳои ғизоии ҳалшуда таъмин намудани набототро ба ҷо меоварад. Одатан ион, молекула, коллоидҳо ва зарраҳои ннсбатан калон дорад, ки баъзан ба суспензия табдил меёбанд.

Қисми газ ё ҳавои Xок ҷавф (ковокӣ)-ҳои беобро пур мекунад. Миқдору таркиби ҳавои Xок, ки аз N2, 02, С02, пайвастҳои органикии бухоршаванда ва ғ. иборат аст, доимӣ нест. Ин ба хосияти процессҳои химиявӣ биохимиявӣ, биологие, ки дар Xок мегузаранд, вобаста аст.

Қисми зиндаи Xок аз микро­организмҳо (бактерияҳо, занбурӯғҳо, актиномицетҳо, обсабзҳо ва ғ.) ва ҳайвоноти бемуҳра – мавҷудоти якҳуҷайра, кирмҳо, нармбадан (мол­люск)-ҳо, ҳашароту кирминаи онҳо, хокканакҳо ва ғ. иборат аст.

Дар ҷараёни хокҳосилшавӣ ҷинсҳдои куҳӣ ба қабатҳои Хок, ки тарҳи хокро ба вуҷуд меоваранд, ҷудо ме­шаванд. Дар қабатҳои болоии Xок моддаҳои органикӣ, нитроген, фос­фор, пайвастагиҳои мубодилавии алюминий, калций, магний, калий, натрий ғун мегарданд. Бо таъсири омилҳои хокҳосилкунанда дар Xок процесҳои гуногун мегузаранд. Ин процессҳоро ба гуруҳҳои зерин ҷудо мекунанд:1) мубодилаи моддаю энергия дар байни Xок ва дигар ҷисмҳои табиӣ; 2) процесси табдили модда ва энергия, ки дар худи Xок бе ҷойивазкунии моддаҳо ба амал меояд; 3) процесси гардиши моддаю энергия дар Xок (ниг. низ Мубоди­лаи моддаҳо). Ба гуруҳи якум процессҳои зерин мансубанд: мубо­дилаи ҳартарафаи газ, намӣ ва зарраҳои сахт дар системаи атмосфера –Xок- наботот (баргу поя); мубодилаи дутарафаи газ ва намӣ бо мод­даҳои маҳлули он дар системаи Xок ҷинсҳои зерихокӣ; мубодилаи радиацияи кутоҳмавҷ ва дарозмавҷ дар системаи офтоб – наботот – Xок-атмосфера – фазои кайҳон; мубодилаи ҳарртарафаи энергияи гармӣ дар системаи атмосфера – наботот – Xок- ҷинсҳои зерихокӣ; мубодилаи дутарафаи моддаҳои хокистарӣ, пайвастҳои нитроген, С02 ва 02 дар системаи Xок растаниҳои дараҷаи олӣ; асосан яктарафа (тавассути реша) аз Xок ба растанӣ гузаштани намӣ; яктарафа ба Xок дохил шудани моддаҳои органикие, ки дар растаниҳои дараҷаи олӣ дохил кардаанд. Гуруҳи дуюм процессҳои бисёри хеле гуногунро дар бар мегирад: таҷзияи пайвастҳои органикӣ ва дохил шудани моддаҳои гумусӣ; дохил ва вайрон гардидани плазмаҳои микроб; ташаккул ва таҷзияи пайвастҳои органикиву минералӣ, яъне про­цессҳое, ки ба гардиши карбон (вайроншавии ангиштобҳо, моддаҳои даббоғӣ, лигнин ва ғ.) алоқаманданд; процессҳое, ки ба гардиши нитроген — аммонификация, нитри­фикация, денитрификация, фиксацияи нитрогени атмосфера (ниг. Азо- тандузҳо) вобастаанд; ба ҳиссаҳо ҷудошавӣ ва тағйири минералҳои аввалину дуюмин, дохил шудани ми­нералҳои дуюмин; оксидшавӣ ва барқароршавӣ, махсусан оҳану манган; яхбандиву обшавии оби Xок, дар дохили Xок бухор шудану ба об табдил ёфтани буғ (конденсация) ва ғ. Ба гуруҳи сеюм процессҳои зерин дохиланд: ҳаракати ҳавои Xок дар зери таъсири фишори тағйирёбанда ва ҳарорат; ҳаракати диффузионии газҳо ва буғи об, ҳаракати маҳлули Xок зери таъсири қувваҳои ҷозиба, капиллярӣ, сорбционӣ ва осмосӣ; ҳаракати Xок аз таъсири ҳайвоноти хокканак, решаи растанӣ ва ғ. Процессҳои Xок ба ҳамдигар алоқаманд ва вобастаанд.

Тағйири омилҳон хокҳосилкунанда дар фазо ва вақт ба гуногунии Xок дар табиат сабаб мешавад. То В. В. Докучаев Хокро аз руи хосиятҳои ҷудогона-таркиби химиявӣ,  таркиби механикӣ ва ғ. тасниф мекарданд. Таснифи генетикии ҳозираи Xок ба сохти тарҳи Xок, ки маҷмӯи процессҳои ташаккул, инкишоф, таҳаввули Xок ва низоми онҳоро  ифода мекунад, асос ёфтааст. В. В.Докучаев 10 навъи Хокро ҷудо кардааст; дар таснифоти ҳозира зиёда аз 100 навъи Xок маълум аст.

Дар Тоҷикистон Хокро ба 4 минтақа ҷудо мекунанд.

Минтақаи Xоки хокистарранг дар баландии 300-1600 м аз с._б. ҷойгир буда, ҳамвории доманакуҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шимолиро фаро гирифтааст. Ин минтақа нисбатан гарму камбориш аст ва навъҳои зерини Хокро дар бар мегирад: Хокҳои хокистарранг, хокистарранги буртоб, хокистарранги марғзор, аллювиалии беша (туғай), шурхок ва ғ.

Минтақаи миёнакӯҳ бо Xокҳои дорчинии куҳӣ. Доманакўҳ ва нишебии қаторкуҳҳоро (аз баландии 900—1600 то 2800 к аз с. б.) фаро гирифтааст. Хоки ин минтақа сергумусу серкарбонат ва ғурушанок буда, онро анбӯҳи буттаву дарахтон ва алафзори баланд пӯшидааст. Дар ин минтақа асосан Хокҳои дорчинии карбонатдори куҳӣ, дорчинии муқаррарии куҳӣ, дорчинии кушоди куҳӣ ва ғ. мавҷуданд.

Минтақаи баландкуҳ зиёда аз нисфи масоҳати республика (баландиҳои аз 2600—2900 то 4000— 4800 м аз с. б.)-ро ишғол кардааст. Хоки минтақаро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: Хокҳои дашту марғзори баландкуҳ, сиёҳтоби дашту марғзор, дашт, дашту биёбон, биёбон, комплекси Хокҳои дашту биё­бон ва марғзори баландкуҳ, шурхоки баландкуҳу тақир ва ғ.

Минтақаи нивалӣ асосан дар Помир (то баландии 4800—4900 м аз с. б.) ва қисман дар баландкуҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ҷойгир аст.

Xок яке аз ҷузъҳои табии муҳити зисти инсон аст. Одилона истифода набурдани замин боиси вайрон шудани Xок ва шиддатёбии эрозияи хок, шурзанӣ ва ғ. мегардад. С. 1968 «Асосҳои қонунгузории СССР ва рес­публикаҳои иттифоқӣ оид ба замин» барои афзудани ҳосилхезии Xок ва аз эрозия муҳофизат кардани он маҷмӯи тадбирҳо пешбинӣ намуд.

Ад.: Докучаев В. В., Учение о зо­нах природы и классификация почв, Соч., т. 6, М.-Л., 1951; Герасимов И.П.,Глазовская М. А., Основы почвоведения и география почв, М., 1960; Я к у т и л о в М. Р. [ва диг.1, Почвы Таджикистана. Эрозия почв и борьба с ней. в. 6, Д., 1963; Куте минский В.Я.,Леонтьева Р. С.. Почвы Тад­жикистана. Условия почвообразования и география почв, в. 1, Д., 1966; Ковда В. А., Основы учения о почвах, кн. 1— 2. М., 1973.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …