Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАНАЗАРОВА Қундузой

ХОҶАНАЗАРОВА Қундузой

ХОҶАНАЗАРОВА Қундузой (с. тав. номаълум — ваф. 1936, деҳаи Тезгари раёни Ленини РСС Тоҷикистон), иштирокчии фаъоли ҷанги гражданӣ ва барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Батраки мекард. Ғaлабаи Революцияи. Кабирии Социалистии Октябрь ва Ҳокимияти Советиро бо хушнудӣ қабул кард. Дар давраи Ҷанги гражданӣ ба отрядҳои Армиям Сурх ёрӣ расонд. Чун разведкачии моҳир дар торумори дастаҳои босмачиҳои Раҳмон додхоҳ, Кали Худоёрбердӣ саҳми калон гузоштааст. С. 1928 раиси Совети қищлоқи Янгиқўрғон интихоб гардид. Таҳти роҳбарии ў дар ин ҷо аввалин артели хоҷагии қишлоқ ташкил карда шуд. Дар муборизаи зидди дастаҳои Иброҳимбек писарони Xоҷаназарова низ фаъолона иштирок кардаанд. Xоҷаназарова аъзои Комитети Иҷроияи Марказии РАСС Тоҷикистон интихоб шуда буд. А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …