Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ХОҶАМӮЪМИН

ХОҶАМӮЪМИН

ХОҶАМЎЪМИН, кўҳи намакест дар pаёни Восеи вил. Кўлоб. 4 км ҷанубтар аз птш Восеъ ва 24 км ҷан. ғарбтар аз ш. Кўлоб, дар соҳили чапи д. Яхсу (Ёғсу) воқеъ гаштааст. Кўҳи Xоҷамўъмин яке аз калонтарин дар ҷаҳон гунбазҳои намак мебошад. Тарҳи он аз боло доирашакл буда, аз паҳлў ба конуси сарбурида монандӣ дорад. Диаметри гунбаз бештар аз 8 км; баландиаш аз с. б. 1336 м, аз сатҳи водии д. Яхсу қариб 700 м. Тамоми кўҳ аз намаксанги сафеди сабзтоб, бунафш ё сурхчатоб иборат аст, ки рўи онро қабати (0— 1     42 м\ ҷинсҳои гипсу ангидритдор пўшидааст.

xoja-mumin

Нишебиҳои кўҳи Xоҷамўъмин ҷаридор, баъзан рости девормонанданд. Баландии ҷариҳо 50—150 м. Ҷо-ҷо дар танаи ҷариҳо шўшаҳо (сталактитҳо)-и намакӣ овезонанд. Болои кўҳ чуқуриҳои бисёре дорад. Сохти кўҳи намак ба замбуруғи азиме шабоҳат дошта, гунбази он дар рўи замин ва пояаш дар зери замин ҷойгир шудааст. Чуқурии решаи кўҳи намак то имрўз маълум нест. Намак дар кўлҳои шўри охирҳои давраи юра аз таҳшиншаӣ ҳосил шудааст. Тахмин меравад, ки гунбази намак дар аввалҳои давраи чорумин (антропоген) табақаи ҷинсҳои болохобидаро рахна карда баромадааст. Захираи тахминии намаки Xоҷамўъмин 40—50 млрд т мебошад. Аз доманаю нишебиҳои Xоҷамўъмин 163 чашмаи шўр ҷорист, ки баъзеи онҳо дар заводи намаки Восеъ барои гирифтани намак истифода мешавад. Гунбази намаки Xоҷамўъмин аз ҷиҳати бузургӣ ва баландии худ яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон ба шумор меравад.

В. Е. Елизаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …