Маълумоти охирин

ХОҶАИ ЯГОНА

ХОҶАИ ЯГОНА, осори меъмории мансуб ба а. 18, ки дар соҳили рости д. Сир, канори шарқии дашти Қайроқум воқеъ аст. Xоҷаи  Ягона дар солҳои 1954, 1961, 1974 аз тарафи бостоншиносони Тоҷикистон тадқиқ шудааст. Он аз ду бинои ба ҳам зич (бо хишти хом) иборат буда, ороиши меъмориаш хеле содда мебошад. Ҳар кадом аз биноҳо хонаи сатҳаш мураббаъ, гумбазпўш ва аз тарафи Ҷануб даромадгоҳи пештоқӣ дорад. Ҳар ду иморат комплекси ягонаро ташкил карда, аз хишт (24—26 X 5— 6 см) бино шудааст. Гумбази хиштини бинон якум (ғарбӣ) намуди байзавӣ дорад. Гумбази бинон дуюм хеле содда аст. Зоҳиран, бинои ғарбӣ масҷид ва бинои шарқӣ истгоҳи зиёраткунандагон будааст. Қабри худи «Хоҷаи Ягона» дар харобае (дар самти шимолии бинои ғарбӣ) ҷойгир шудааст.

Ад.: Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Архитектурный комплекс Ходжа Ягона.— Археологические работы в Таджикистане, в. 14 (1974 г.). 1979.      Н-. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …