Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ХАЛҚ

ХОҶАГИИ ХАЛҚ

ХОҶАГИИ ХАЛҚ, маҷмўи соҳаҳои истеҳсолоти мамлакатро гўянд, ки аз руи тақсимоти меҳнат ба ҳам алоқаманданд. X.оҷагии  халқ соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, ки маҳсулоти умумӣ мебароранд (ниг. Истеҳсолот) ва соҳаҳои ғайриистеҳсолиро дар бар мегирад. Истеҳсолоти моддӣ ба ду гуруҳ — истеҳсолкунандаи воситаҳои истеҳсолот (гуруҳи 1 истеҳсолоти ҷамъиятӣ) ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти истеъмолӣ (гуруҳи 2 истеҳсолоти ҷамъиятӣ) ҷумдо мешавад.

Табиати иҷтимоиву иқтисодӣ, сохт ва суръати инкишофи Xоҷагии халқро аз руи хусусияти муносибатҳои истеҳсолие, ки дар ҷамъият ҳукмрон аст, муайян мекунанд. Xоҷагии  халқ аввалин маротиба дар давраи капитализм, дар ҷараёни бавуҷудоии давлатҳои миллӣ, дар натиҷаи ннкишофи қувваҳои истеҳсолӣ, такомули тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, махсусгардонии соҳаҳои истеҳсолот, пайдоиши бозори миллӣ ва истеҳсолоти калони мошинӣ ба вуҷуд омад. Дар давраи капитализм Xоҷагии халқ ба моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва истисмори меҳнати кироя асос ёфтааст, он мувофиқи қонуни асосии иқтисодии капитализм номураттаб тараққӣ мекунад ва мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ ҳарчӣ бештар ситонидани фоида аст.

xojagii-xalk

Дар давраи социализм Xоҷагии халқ ба моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот, меҳнати коргарони аз истисмор озод, ҳуқуқи ҳақиқӣ ба меҳнат ва умумияти меҳнат асос ёфтааст. Xоҷагии халқи социалистӣ дар асоси қонунҳои иқтисодии социализм аз рўи план босуръат тараққӣ мекунад. Мақсади асосии он таъмин намудани некўаҳволии пурра ва инкишофи озоду ҳартарафаи ҳамаи аъзоёни ҷамъият аст. Бинобар ин маҳсулоти умумие, ки Xоҷагии халқи ҷамъияти социалистӣ мебарорад, ба меҳнаткашон тааллуқ дорад. Хусусияти муҳими Xоҷагии халқи социалистӣ мувофиқати роҳбарии марказонида бо иштироки фаъоли коллективҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои маҳаллӣ ва тамоми меҳнаткашон аст, ки ин барои ба манфиати ҷамъиятӣ ва дар як аъзои он пурратару самарабахш истифода бурдани захираҳои мавҷудаи моддию меҳнатӣ имкон медиҳад.

Ҷамъияти социалистӣ барои ташаккули плани сохти соҳавии пешқадами Xоҷагии халқ, ки ба масъалаҳои барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм, афзоиши муттасили самарабахшии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани некўаҳволии халқ ҷавоб дода метавонад, шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

Тоҷикистон республикаи мутараққии индустриалию аграрӣ мебошад. Солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ назар ба давраи тореволюционӣ 156 маротиба афзуд. С. 1980 56,3% маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ маҳсулоти саноатӣ буд. Дар республика зиёда аз 90 соҳаи саноат ва қариб 300 корхонаи калони саноатӣ ҳаст. Ба ҳиссаи саноати вазнин 30.8% маҳсулоти умумӣ ва 79,9% хамаи фондҳон асосии истеҳсолии саноат рост меояд. Стансияи электрии обии Норак, Заводи алюминийи Тоҷикистон, 3аводи нуриҳои нитрогендори Вахш, техникаи равшандиҳандаи Исфара, «Тоҷиктекстильмаш» ба номи Дзержинский, «Торгмаш», яхдон, «Тоҷикагрегат», трансформаторбарорӣ корхонаҳои калонтарини саноати вазнини республика мебошанд. Стансияҳои электрикии асосии республика инҳоянд: ГЭС-и Норак (д. Вахш, иқтидораш 2,7 млн кВт с), Станцияи электрикии обии Қайроқум, қаторстансияҳои Вахш (Сарбанд, Марказӣ ва Шаршара), ГЭС-и Варзоб ва Ст. электрикии ҳароратии Ёвон. Солҳои  1980 13591 млн кВт с (с. 1940-ум 62,1 млн кВт с) энергияи электр ҳосил карданд. Солҳои панҷсолаи 10-ум (1976—80) истеҳсолоти энергияи электр дар республика 2,9 баробар афзуд, сохтмони Заводи алюминийи Точикистон асосан ба охир расид, 3аводи электрохимиявии Ёвон маҳсулот баровард.

Саноати сабук корхонаҳои саноатии пахта, матоъҳои пахтагин, абрешим, трикотаж ва диг. соҳаҳоро, ки 44,4% (1980) маҳсулоти умумии саноатро истеҳсол мекунанд, дар бар мегирад.

Дар республика саноаги хурокворӣ, ки 23,5% маҳсулоти умумии саноатро мебарорад, низ тараққӣ кардааст. Соҳаҳои консервбарорӣ ва равғанкашӣ аҳамияти умумииттифоқӣ доранд.

Маҳсулоти саноатие, ки Тоҷикистон мебарорад (нахи пахта, дастгоҳҳои бофандагӣ, трансформаторҳои қуввадеҳ, яхдонҳои рўзгор, қолин, консерва, май ва ғ.) ба ҳама республикаҳои иттифоқӣ ва 40 мамлакати Европа, Осиё ва Африка фиристода мешавад.

Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон серсоҳа мебошад. Пахтакорӣ соҳаи асосист. Дар маҳсулоти умумӣ ҳиссаи пахтакорӣ 44,4%, ғаллакорӣ 1,6%, боғу токдорӣ 9,0% картошкакорӣ (дар сабзавоткорӣ) 7,9%, чорводорӣ 29,3%, кирмакдорӣ 1,1% ва зироати диг. 7,8% аст. Киштзори умумии республика —764 ҳаз га; кишти пахта —309 ҳазор га ва ғалладона — 195 ҳаз. га (1980). С. 1980 вазни қиёсии хоҷагии қишлоқ дар маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ 19,8% буд.

Дар ҳамаи ноҳияҳои республика зироату чорводорӣ якҷоя инкишоф меёбад. Ох. с. 1980 республика 1,2 млн cap чорвои калони шохдор (аз он ҷумла  456,4 ҳаз. гов), қариб 3 млн cap бузу гусфанд, 136.8 ҳаз. cap хук дошт. Республика с. 1980 қариб 4 ҳазор т пилла гирифт.

Наклиёти автомобилӣ барои боркашонӣ аҳамияти махсус дорад. 93%-и бори дохили республика ва қисми зиёди пассажирҳоро (дар дохил ва байни шаҳрҳо) нақлиёти автомобилӣ мекашонад. Дар панҷсолаи 10-ум (1976—80) дар натиҷаи тараққии минбаъдаи Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ сохтмони Роҳи оҳани Тирмиз— Қўғонтеппа — Ёвон (дарозиаш 264 мм) ба охир расид.

Аз ҳисоби сохтмони асосӣ сохти соҳаҳои Xоҷагии халқ ташаккул меёбад, ҷараёни минбаъдаи такрористеҳсоли васеъро ба амал мебароранд. С. 1980 маблағгузории давлатӣ ба сохтмони асосӣ назар ба с. 1924-ум 830 баробар афзуд. Аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ соле дар масоҳати қариб 550 ҳаз. м2 манзилгоҳ месозанд. Фақат дар панҷсолаи 10-ум 97 корхонаҳои калони саноатии давлатӣ, цех ва ғ.-ро сохта ба кор андохтанд. Давлат ба сохтмони хоҷагӣ маблағи зиёд (с. 1980 49,1%) ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон ба бинокорӣ асосан муассисаҳои пудратӣ машғуланд. Соли 1980 муомилоти моли чаканаи савдои давлатӣ ва кооперативӣ дар РСС Тоҷикистон ба 2311 млн сўм расид, назар ба с.1940 зиёда аз 17 (нисбат ба соли 1970 бештар аз 1,9) маротиба афзуд.

С. 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон якто беморхона буд, ки он 40 кат (ба 10 ҳаз. кас 0,4 кат), 11 муассисаи муолиҷавии амбулаторию поликлиникӣ, 19 духтур (ба 10 ҳав. кас 0,2 духтур), 32 наф. духтурони маълумоташон миёна (ба 10 ҳаз. кас 0,3 наф.) дошт. С. 1984 дар республика 312 беморхона (аз он ҷумла 57 диспансер)-и дорои 47003 кат (ба 10 ҳаз. кас 104,3 кат), 627 муассисаи муолиҷавии амбулаторию поликлиникӣ, 11667 духтур (ба 10 ҳаз. кас 25,9 духтур), 31789 духтурони маълумоташон миёна (ба 10 ҳаз. кас 70,6 наф.), 627 пункти муолиҷавӣ ва фелдшерӣ кор мекарданд. То барқарop шудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон аксари аҳолӣ бесавод буд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ (асосан то с. 1939) бесаводӣ дар Тоҷикистон пурра барҳам хурд.

С. 1984 дар республика 720 боғчаи бачагон ва ясли, 3084 мактаб, азҷумла 594 мактаби ибтидоӣ, 646 ҳаштсола, 1508 миёна, 48 омўзишгоҳи касбҳои техникӣ, 16 мактаби махсус ва интернат, 10 мактаби олй буд.

Ад,: Материалҳои съезди XXVII КПСС, Д., 1986; Лященко П. И., Очерки истории народного хозяйства Таджикистана (1917—1965 гг), Д., 1967; Народное хозяйство СССР в 1980 г.. М.. 1981.

Ҳ. Саидмуродов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …