Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ОБ

ХОҶАГИИ ОБ

ХОҶАГИИ ОБ, як соҳаи хоҷагии халқро гўянд, ки ба омўзиш, баҳисобгирӣ, ба плангирии            истифодаи комплексии захираи об, интиқол, танзим, муҳофизати он аз ифлосию исрофӣ машғул аст. Захираи оби СССР ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро бо об таъмин мекунад. Аз дарёҳо соле 4714 км3 (4350 км3 аз ҳудуди мамлакат ва 330 км3 аз кишварҳои ҳамҳудуд) об ҷорӣ мешавад. Қисми муҳими обҳои равони рўйизаминӣ ва зеризаминӣ 1020 км3 аст. Хоҷагии халқи СССР соле 337 млрд м3 об (1979) истифода мебарад. Бештар аз 50% он дар хоҷашии қишлолқ қариб 1/3 ҳиссааш барои таъминоти одамон па саноат сарф мешавад.

ob

Дар Тоҷикистон Xоҷагии об баъди ғалабаи Революцияи Кабири Социалистии Октябр инкишоф ёфт. Солҳои 1938—41 Канали Калони Фарғона, Канали Калони Ҳисор, Канали Шимоли Фарғона, Канали Магистралии Деҳқонобод сохта шуд. Дар солҳои баъди ҷанг истифодаи комплексии захираи оби дарёҳои Сиру Вахш cap шуд. Дар ин дарёҳо стансияҳои электрикии обии Қайроқум, Сарбанд, Шаршара, Норак ва ғ. бино ёфтанд. Сохтмони Комплекси мелиоративии Вахш пурра ба охир расид. Каналҳои зиёд дар шаҳру районҳои республика ба истифода дода шуданд. Ба Xоҷашии оби Тоҷикистон солҳои 1971—85 қариб 2 млрд сум маблағ ҷудо карда шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …