Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ҒАЛЛА

ХОҶАГИИ ҒАЛЛА

ХОҶАГИИ ҒАЛЛА, соҳаест, ки ба истеҳсол, тақсимот ва фурўши ғалла машғул аст. Асоси истеҳсоли ғалла парвариши зироати ғалладона ва лубиёиҳо мебошад.

xojagii-ghalla

Сохти зироати ғалла низ хеле тағйир ёфт. Дар Тоҷикистон бештар гандум, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка ва шолӣ мекоранд. С. 1980 ба 110 ҳаз. га гандум коштанд. Раёнҳои пешқадами ғаллакори республика: Данғара, Уротеппа, Ғончӣ, Панҷакент ва ғ. Мувофиқи Программаи озуқворӣ дар зарфи даҳ сол (1980— 90) ҳосилнокии дар га зироати ғалладона 6—7 ц зиёд мешавад, ҳосилнокии умумии он то с. 1990 ба 21— 22 ц мерасад. Дар панҷсолаи 12-ум то 250—255 млн т (дар Тоҷикистон мувофиқан 315 ва 320—340 ҳаз. т) ғалла меғўндоранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …