Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАЕВ Муҳиддин Олимович

ХОҶАЕВ Муҳиддин Олимович

xojaev-m-o

ХОҶАЕВ Муҳиддин Олимович (тав. 3. 11. 1938, деҳаи Николо Александровское, pаёни Азгир, кишв. Ставрополь), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи собиқ мударрис. Аъзои КПСС аз с. 1979. УДТ (1961) ва Курси олии сценарии Госкинои СССР-ро (1964) хатм кардааст. Мудири шуъбаи наср (1962), котиби масъули ж. «Садои Шарқ» (1966—68), муҳаррири калони дубляж дар киностудияи «Тоҷикфилм» (1964—66), сармуҳаррири иттиҳодияи «Тоҷиктелефилм» (1971—75), мушовири ИН Тоҷикистон (1975 —79), муовини сармуҳаррири ж. «Садои Шарқ» (1979—86) буд. Аз апр. 1986 муовини Раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография.

Эҷодиёти Xоҷаев аз аввали солҳои 60 бо ҳикояҳои хурд оғоз ёфт. Маҷмўаи нахустинаш «Ба ҷои узр» (1984). Xоҷаев дар ҳикоя бештар ба падидаҳои ноаёни ҳиссу ҳаяҷони инсон диққат додааст, ки ин ҷиҳат дар асарҳои калонаш инкишоф ёфт. Хусусияти дигари эҷодиёти Xоҷаев,— мухтасаргуӣ ва муҷазбаёнист.

Аз охири солҳои 60 ба тадқиқи масъалаҳои зиндагии синфи коргар майл пайдо кард (повести «Дилро ба дил раҳест», 1970; романи «Об — рушноӣ», қ. 1—1972, қ. 2—1975, қ. 3— 1977). Дар ин роман масъалаи худшиносии маънавию ахлоқии шахс ба миён гузошта шудааст. Ин масъала дар романи дигари Xоҷаев. «Нанг ва номус» (кит. 1—1361) ва кит. 2-юми он «Ростиро завол нест» (1966) низ мавқеи намоён дорад.

Xоҷаев дар соҳаи кинодраматургия ҳам кор мекунад. Киностудияи «Тоҷикфилм» аз рўи сценарияҳои ў филмҳои «Хокистари сўзон» (1966), «Асрори қабила» (1970; аз таърихи инқилобии Ёқутистон) -ро ба навор гирифтааст. Асарҳояш ба русӣ, украинӣ, узбекӣ, литвонӣ, қирғизӣ ва ғ., инчунин ба немисӣ, испанӣ, полякӣ, булғорӣ ва ғ, тарҷума шудааст. Дорандаи Мукофоти комсомоли РСС Тоҷикистон (1980). Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ос.: Нони ҳалол. Ҳикояҳо ва повесть, Д., 1971; Нишони меҳр. Ҳикояҳо, қисса ва кинодрама, Д., 1974. М. Шукуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …