Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАЕВ Избилло

ХОҶАЕВ Избилло

ХОҶАЕВ Избилло (тав. 10. 1. 1945, деҳаи Ворухи раёни Исфара, вил.Ленинобод), ходими давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз с. 1969. УДТ ба номи В. И. Ленин (1978) ва Мактаби олии партиявии ш. Тошкент (1984)-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз с. 1961 оғоз ёфтааст. Колхозчии колхози «Правда»-и раёни Исфара, дар Армияи Советӣ, харороти заводи «Тоҷик-текстильмаш» ба номи Дзержинский (1961—68), муфаттиши прокуратураи раёни Исфара, машваратчии калони шуъбаи адлияи Комитети иҷроияи вил. Ленинобод (1968—75), аъзо, ҷонишини раис, раиси суди вилояти Кўлоб (1975—-86) буд. Аз дек. 1986 раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон Номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷикистон (из 1986). Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 11). Бо медали «20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—45» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …