Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶА НАСРИДДИН

ХОҶА НАСРИДДИН

ХОҶА  НАСРИДДИН,  Мулло Насриддин,     Насриддин Афандӣ, қаҳрамони латифаҳои тоҷикист. Ў шахси таърихӣ буда, дар Туркия зистааст. Соли таваллудашро 1209 тахмин кардаанд. Тақр. с-ҳои 1284—85 вафот ёфтааст. Қабраш дар Оқшаҳр ном музофоти Туркия. Бино ба маълумоти муҳаққиқон шоир ё мударрис будааст. Латифаҳои у аввалин бор дар а. 16 дар Туркия навишта шудаанд. Xоҷа Насриддин тадриҷан аз прототипи худ дур гардида, ба образи хаёлию афсонавӣ мубаддал гаштааст. Образи Xоҷа Насриддин махсусан дар ох. а. 17 ва ибт. а. 18 мавқеи калон пайдо кардааст. Дар ин давра латифаҳое, ки дар гузашта бо унвони Баҳлул, Туфайлӣ, Абўнувос, Ҷўҳӣ ва Талҳақ марбут буданд, аз номи ў ҳикоят мешуданд. Xоҷа Насриддин  образи бофтаи омма буда, дар латифаҳои халқӣ ҳамчун шахси нотарсу далер, хирадманду ботадбир ва ҳамдаму ҳамнафаси халқ амал мекунад. Ба воситаи ин образ эътирози халқ бар зидди носозию беадолатиҳои замон, золимон, руҳониёни риёкор, шахсони бадтинату нобакор ифода ёфтааст. Образи Xоҷа Насриддин дар инкишофи ҳаҷву мутоибаи халқӣ мавқеи калон доштааст. Номи ў дар латифаҳои халқҳои турк, озарбойҷон, узбек, арман, форс, мардуми Кавкази Шимолӣ, серб ва ғ. ҳам дучор меояд.

Ад.: Асрорй В., Амонов Р., Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. Д,. 1980: Гордлевский В. А., Ходжа Насреддин, М., 1936;  ҳамон муалл., Анекдоты о Ходже Насреддине. М.—Л.. 1958.   С. Маэ;диев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …