Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ

ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ

 

ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ лақабаш, номаш Носируддин Убайдуллоҳ (1404, деҳаи Боғнстони раёни Бўстонлиқи вил. Тошкент—1490, Самарқанд), як намояндаи машҳури силсилаи нақшбандия. Дар Самарқанд таҳсил кардааст. С. 1428 ба Ҳирот рафта, дар Чағониён бо Яъқуби Чархӣ шинос мешавад ва ўро пири руҳонии худ интнхоб мекунад. С-ҳои 1431—32 ба Тошкент баргашта бо зироат машғул мешавад, дар байни заминдорони калону руҳониёни иртиҷоӣ нуфуз пайдо мекунад ва хамчун «авлиё» шуҳрат меёбад. Тариқати нақшбандия, ки дар ибтидо нисбат ба Ясавия ҷараёни пешқадам буд, дар замони Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷараёни тамоман иртиҷоӣ мегардад.

Xоҷа Аҳрори Валӣ худро тарафдори халқ вонамуд карда, оммаро аз дахолат ба корҳои нҷтимоию сиёсӣ бозмедошт, ба пуртоқатӣ, итоат ба золимон, умед ва подоши охират, қаландарӣ (ниг. Қаландария), тарки дунё кардан, бар зидди золимон мубориза набурдан, аз худо наҷот хостан ва ғ. тарғиб мекард. Xоҷа Аҳрори Валӣ мекўшид, ки дар мамлакат шариат мустаҳкам, ҷаҳолат пойдор бошад. У душмани маърифат буд. Бо фатвои вай Улуғбек қатл, пайраву шогирдонаш ба азобу шиканҷа гирифтор шуданд.

Xоҷа Аҳрори Валӣ дар Мовароуннаҳру Афғонистон обу замини  бисёре дошт.

У ба корҳои дохилӣ ва сиёсии мамлакат бевосита дахолат мекард. Xоҷа Аҳрори Валӣ хусусан дар дарбори Абўсаид Мирзо (ҳукмр. 1451—69) ва Султон Аҳмад (ҳукмр. 1.469—94) нуфузи калон дошт.          Н. Қосимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …