Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОИФ Иброҳим -махдум

ХОИФ Иброҳим -махдум

ХОИФ Иброҳим -махдум (с.таваллуд ва вафот номаълум), шоири то­ҷик. Дар охири а. 18- аввали. а. 19 умр ба cap бурдааст. Дар зодгоҳаш Истаравшан маълумоти ибтидоӣ гириф­та, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Баъд ба зодгоҳаш баргашта, дар мадрасаи Кукгунбаз ба тадриси илми сарфу наҳв машғул гардид. Сипас бо фармони амир Насруллоҳ (ҳукмр. 1826-60) ба Бухоро кӯчида, баъди чанд соли хизматаш дар дарбор вафот кардааст. Xоиф соҳибдевон аст. Ӯ дар доираҳои адабии Истаравшан, Бухоро ва Хуқанд мақоме доштааст. Шоир дар ғазалҳояш умеду орзуи халқи меҳнаткашро суруда, аз аҳли дарбор ва зо­лимон шикваҳо кардааст. Ба ғазалиёти Xоиф тазкиранигорони а. 19 Возеҳ, Ҳашмат ва С. Айнӣ («Намунаи адабиёти тоҷик») баҳои баланд додаанд. Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Шуд умрҳо, ки ҳамнафаси дилфигориям,

Аз оҳи оташини аламафрӯз хориям.

Поймоли яъсу хоки роҳи ғурбатам зи бас,

Соҳиби шиква мансаби беэътибориям.

Менолам аз ҷафои фалак рӯзу шаб, вале,

Гӯше куҷо, ки бишнавад аз лутф зориям…

С. Султанов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …