Маълумоти охирин

ХОРИҚ

ХОРИҚ, химераҳо дар биология, организмеро гўянд, ки аз ҳуҷайра ё бофтаҳои ирсии гуногун иборат аст. Истилоҳи Хориқро бори нахуст с. 1907 ботаники немис Г. Винклер барои вазъи растаниҳое, ки дар натиҷаи пайвандкунии ангури сагак ва помидор ҳосил шудаанд, истифода намуд. Дар амалияи боғдорӣ бисёр Хориқҳо, ки дар натиҷаи пайвандкунӣ тасодуфан пайдо шудаанд, аз насл ба насл парвариш карда мешаванд. Хориқҳои гуногуни байни мушмула ва дулонаро барои тадқиқот истифода мебаранд. Xориқ дар ҳайвонот низ вомехурад.

xorik

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …