Маълумоти охирин
Главная / Биология / XАРМАГАС

XАРМАГАС

XАРМАГАС, хармагасҳо, номи муштараки 4 оилаи ҳашароти дуболаро гӯянд, ки кирминаашон паразити хоси ҳайвоноти ширхӯр ва баъзан одам (асосан кӯдакон) аст. Хармагасҳо қариб 160 намуд доранд; дар бадани асп, каркадан, фил ва як намудаш дар растанӣ тухм мегузорад; кирминааш ба даҳони ҳайвонот даромада, дар роҳи ҳозима афзоиш мекунад.

b28383dcb25eff1b7a3879229c15d04b

Хармагаси ҳалқубинӣ (Оеctridae) ҳашароти зиндазой буда, модинааш зимни парвоз кирминаашро ба сӯрохи бинии гӯсфанд, буз, асп, уштур, гавазн ва ғайра мепошад.
Хармагаси зерипӯстӣ (Нуроdermatidae) аксаран дар мӯи бадани ҳайвоноти ҷуфтсум, хояндаҳо, заргушшаклон тухм мегузорад; кирминааш ба пӯст дохил мешавад. Хармагасро бо усули биологӣ ва тавассути инсектиcидҳо нест мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …