Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Харбузаи обинабот

Харбузаи обинабот

Обинабот, навъи харбузаи миёнсолист. Шаклан лӯнда ё дароз (17—20 сантиметр), вазнаш 3—4 килограмм. Пӯсташ суф­та, баъзан тӯр-тӯр, нақшҳои зард ё доғҳои ҷигарранг дорад. Рангаш асо­сан зарду сурхтоб. Ғафсии мағзаш 5—6,5 сантиметр, сафед, сершира ва хуштаъму хушбӯй, 7,4—9,3%’ қанд (4,9—5,6%’ сахароза), 9,2—11,8% моддаи хушк дорад. Баъди 70—78 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 180—250 сентнер ҳосил медиҳад. Дар водии Вахшу Ҳисор ва вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Сурхандарёи РСС Ӯзбекистон паҳн шу­дааст. Нигаред низ Харбуза.

Адабиёт:       Сабзавоткории Тоҷикистон, Душанбе. 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …