Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Хамии РАНГКӮЛ

Хамии РАНГКӮЛ

rangkul1

РАНГКӮЛ (хамии Рангкӯл), ха­мии байникӯҳиест дар Помири Шарқӣ. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3800- 3900 м. Аз Шимол онро қаторкӯҳи Сариқӯл, аз Шарқ ва Ғарб шохаҳои он иҳота кардаанд. Хамӣ аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 14—15 км ва аз Шарқ ба Ғарб тақрибан ба 25 км тӯл кашидааст.Дар қисми ғарбии он кӯлҳои Рангкӯл ва Шӯркӯл воқеъ гаштаанд. Сатҳаш ҳамвор буда, аз Шарқ ба Ғарб каме нишеб шуда меравад ва қаъри он бо хоку сангрезаҳо пӯшида шудааст. Иқлимаш ниҳоят континентӣ, тобистон гарми мӯътадил, зимистонаш қаҳратун. Ҳарорати зимистон то —40, —50°С, тобистон то 25, 30вС. Боришоти солона (асосан барф) то 100 мм. Ландшафти Рангкӯл биёбонии баландкӯҳист. Аз растанизо асосан терескену явшон мерӯяд. Аз ҳайвонот архар, гург, рӯбоҳ, заргӯш ва аз паррандаҳо дуғдоғу қози ҳиндӣ вомехӯранд, Марғзорҳои соҳили кӯлу дарёҳо ҳамчун чарогоҳи ғажговҳо истифода бурда мешаванд. Дар Рангкӯл кони намаки ош ҳаст.         Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …