Маълумоти охирин
Главная / Илм / Халқи Нупе

Халқи Нупе

Нупе (худ н у п еси зи гӯянд), халқест маскуни Нигерия (асосан дар штатҳои шимолӣ— шарқӣ ва Квара). Тақрибан 1,7 млн. нафар (1975). Забо­ни Нупе ба забонҳои ква мансуб аст. Диндорон мусулмонанд; баъзе унсурҳои дину оинҳои анъанавӣ низ боқӣ мондаанд.

Нупе аз ҷиҳати маданият ба халқҳои гбари ва игбира қаробат доранд. Нупе дар асрҳои миёна давлате ташкил карданд, ки он то аввали асри 19 вуҷуд дошт. Машғулияти асосиашон деҳқонист. Аз давраҳои қадим бо касбу ҳунарҳои гуногун машғуланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …