Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Халқи Нивхҳо

Халқи Нивхҳо

Нивхҳо (дар адабиёти тореволютсионӣ — гилякҳо), халқест маскуни ҷараёни поёнии дарёи Амур (кишвари Хабарови РСФСР) ва ҷазираи  Сахалин. Шумораашон 4,4 ҳазор нафар (1979). Ба забони навхӣ гап мезананд. Нивхҳо шояд авлоди бевоситаи қадимтарин аҳолии давраи неолита ҳавзаи Амур ва соҳили баҳри Охота бошанд. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр асоси хоҷа- гии Нивхҳоро моҳигирӣ ва шикори ҳайвоноти баҳрӣ ташкил медод. Ягона ҳайвони хонагии онҳо саг буд. Дар байни Нивхҳо унсурҳои зиёди муносибат­ҳои авлодию қабилавӣ боқӣ монда­анд. Аксарияти дилдорон расман православанд, аммо дар асл дар бай­ни онҳо ҳамеша урфу одатҳои қадимаи динӣ, шаманизм ҳукмфармо буд. Дар давраи советӣ Нивхҳо дар колхозҳо Муттаҳид гаштанд ва ҳоло баробари машғулиятҳои анъанавӣ соҳаҳои на­ви хоҷагӣ — деҳқонӣ, чорводорӣ низ ривоҷ меёбад. Зиёиёни миллӣ ба камол расидаанд.

Ад.: Таксами Ч. М., Возрождение нивхской народности, Южно-Сахалинск. 1959.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …