Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Халқи Ниасиҳо

Халқи Ниасиҳо

Ниасиҳо, халқест, ки дар ҷазираи Ниас, қариби соҳили ғарбии ҷазираи Суматра (Индонезия) маскун аст. Шумораашон тақрибан 470 ҳазор нафар (1978). Забонашон ба гурӯҳи индонезии оилаи забонҳои малаию полинезӣ мансуб аст. Дар байни Ниасҳо дину оини қадимии анимистӣ боқӣ мондааст. Дар ҷамоаҳои ҳамҷавори Ниасҳо ба табақаҳо ҷудошавии аъзоёни онҳо мушоҳида мешавад; баробари ин унсурҳои муносибатҳои авлодию  падаршоҳӣ низ боқӣ мондаанд. Ниасҳо бо деҳқонӣ, моҳигирӣ ва шикор  машғуланд; хукпарварӣ низ ривоҷ  ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …