Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Халқи Ненесҳо

Халқи Ненесҳо

Ненесҳо (худ ненец гуянд), халқест сокини қисми зиёди шимоли СССР аз нимҷазираи Колск то соҳилҳои рости поёноби Енисей. Аксарияти Ненесҳо дар РСФСР: округҳои автономии Ненеси вилояти Архангелск, Ямалу Ненеси вилояти Тюмен; Таймири (Долчану Не­нес) кишвари Краснояр зиндагӣ меку­нанд. Шумораашон 30 хазор нафар (1979). Ба забони ненеси гап мезананд. Аҷдоди Ненесҳо дар ҳазраи 1 то мелодӣ дар натиҷаи таъқиби қабилаҳои бодиянишини чорводор аз махал ва минтақаҳои бешаю даштии районҳои Сибири Ҷанубӣ ба самти шимолӣ кӯчида, бо аҳолии шикорчию моҳигирӣ муқимӣ омехта шудаанд. Ненесҳо хаёти кучманчигӣ ба cap мебурданд. Ненесҳо асосан бо гавазнпарварӣ, шикори ҷонварони баҳрӣ ва моҳигирӣ маш­ғул буданд: як қисми Ненесҳо дини православиро қабул кардаанд, аксарият пайрави анимизм ва шамания бу­данд. Ҳозир Ненесҳо дар хоҷагиҳои коопе­ративӣ ва давлатӣ муттаҳид шуданд. Зиёиёни миллӣ ба камол расиданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …