Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОТТ Валтер

СКОТТ Валтер

walter_scott

СКОТТ (Skott)  Валтер (15. 8. 1771, Эдинбург—21. 9. 1832, Абботсфорд), нависандаи англис. Аз оилаи ҳуқуқшиноси шотландӣ. Бо тарҷумаи осори адибони немис, ҷамъоварии фолклор машғул шудааст. Скотт асосгузори романи таърихист. «Уэверли» (1814), «Роб Рой» (1818), «Айвенго» (1820), «Кенилворт» (1821), «Квентин Дорвард» (1823), «Вудсток» (1826) беҳтарини романҳои таърихии ӯянд. Чанде аз таълифотк Скотт  хусусияти таърихӣ ва таърихию бадеӣ доранд. («Рӯзгори Наполеон», 1827; «Таърихи Шотландия», 1829— 30 ва ғайра). Аксари романҳои Скотт рӯҳи романтикӣ дошта бошанд ҳам, дар беҳтарини онҳо ҷанбаи реалистӣ бештар аст. Скотт бо вуҷуди шоҳпараст буданаш дар асарҳои худ ба мардуми оддӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст (образи Робин Гуд, Туки роҳиб ва дигар бошандагони бешаи Шервуд дар «Айвенго»). Нависанда аз бозёфти илмҳои таърих, археология ва этнография истифода бурда, муборизаи синфиро аксаран ҳаққонӣ тасвир намудааст. Аммо баъзан дар тасвири шоҳон ба муболиға роҳ дода, аз низоъҳои иҷтимоӣ чашм пӯшидааст. Эҷодиёти Скотт ба инкишофи романи европоӣ ва америкоӣ таъсири судманд расонидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …