Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти таърихии ФАРҒОНА

Вилояти таърихии ФАРҒОНА

ФАРҒОНА, Фароғона, Фрағона, Фейхан, Бохан, Полона, Пахаина, вилояти таърихию географиест дар Осиёи Миёна. Фарғона дар давраҳои қадим як қисми ҳудуди ҳозэираи вилояти Ленинобод (раёнҳои Конибодом, Исфара, Ашт)-и РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷони РСС Узбакистон ва вилояти Уши РСС Қирғизистонро дар бар мегирифт.
Дар ҳудуди Фарғона бошишгоҳҳои аввалин дар асри санг ба вуҷуд омадаанд. Дар маҳалли Ҳақ (Намангон) кӯзаи филизӣ, пораҳои корди биринҷӣ, дар қабристони Даҳана (раёни Ашт) асбобҳои биринҷӣ, муҷассамаҳои хурд-хурди ҳайвонот ва ғайра ёфт шуданд, ки онҳо дар бораи дар асри биринҷи дар Фарғона маскун шудани одамон гувоҳӣ медиҳанд. Дар Фарғона асри 10—8 то мелод маданияти Чуст вуҷуд дошт. Мардум бештар ба зироат машғул буданд. Дар асрҳои 7—4 то мелод сокинони Фарғона мисли дигар халқиятҳои Осиёи Миена (суғдиён, хоразмиён, бохтариҳо) давраи баитмомрасии гузариш аз шикорчигӣ ба деҳқонию чорводорӣ, бавуҷудоии иншооти обёрӣ ва бошишгоҳҳои калони муқимиро аз сар гузарониданд. Ин давраи эйлатанни Фарғонаро баъдтар маданияти Шӯрабашоту Марҳамат (асрҳои 4 то мелод—4 мелод) иваз карданд.
Бошишгоҳҳо ва қабристонҳои дорои олоти сафолии навъи эйлатани шаҳодат медиҳанд, ки дар асрҳои 6— 4 то мелод дар ноҳияҳои шарқӣ ва марказии Фарғона аҳолии муқимии зироаткор зиндагӣ карда, анъаваҳои маданияти хоси худро доштааст, ки он аза маданияти Суғд, Марғиён, Порт ва Хоразм каму беш фарқ доштааст. Дар натиҷаи тадқиқи ёдгориҳои асрҳои 6—4 то м. маълум гардид, ки фарғонагиҳо дар ин асрҳо ба давраи нави инкишофи маданияти маҳаллӣ дохил шуда будаанд. Бо таъсис ёфтани давлати Давон дар давраи Шӯрабашот ва Марҳамат шаҳрчаҳо ва иншооти нави обёрӣ ба вуҷуд омаданд. Дар Фарғона аз аҳди қадим сар карда қавмҳои эронинажод мезистанд (аввалҳо суғдиён ва сакоиён, сонитар халқияте, ки эронииасл буда, дар ғаминаи аҳолии Фарғона пайдо шуд ва фаргонагиҳо ном гирифт). Забони онҳо яке аз шеваҳои забонҳои эронии шарқӣ буд.

fergana-tar
Дар бораи дину оини фарғонагиҳои қадим маълумот хеле кам аст. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар соҳили дарёи Хоҷабоқирғон (раёни Лайлаки РСС Қирғизистон) харобаи ҳавлии калоне кашф шуд, ки хонаҳои истиқоматию ибодатхонаи пурнақшу нигоре дорад. Дар яке аз суфачаҳои ибодатхона бутҳои гачии одамсимо истодаанд. Дар худи ҳамин ҷо се бухурдон ёфт шуд. Дар охири асри 4 то мелод Искандари Мақдунӣ Осиёи Миёнаро истило кард. Як қисми Фарғонаи Ғарбӣ якҷоя бо Истаравшан аввал ба ҳайати империяи Искандари Мақдунӣ, сипас ба давлати Селевкиён дохил шуд. Дар натиҷа маданияти эллинистӣ дар маданияти моддию маънавии фарғонагиҳои гар, бӣ нақши хосе гузошт. Ин пеш аз ҳама дар санъати кулоли зоҳир гардид. Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар Фарғонаи Ғарбӣ (районҳои ҳозираи Ашт ва Конибодом) баъзе нишонаҳои маданияти эллинистиро ёфтанд. Дар ин давра Фарғона яке аз вилоятҳои муҳимми зироати Осиёи Миёна буд. Бино ба манбаъҳои хаттии охири асри 2 то мелод иқтисодиёти кишвар хеле тараққи карда будааст. Баъди парокандашавии давлати Селевкиён дар Осиёи Миёна Шоҳии Юнонии Бохтар ба вуҷуд омад.
Дар бораи Фарғонаи асрҳои 2—1 то мелод аз хотироту қайдҳои сайёҳони хитоӣ маълумоти муҳим пайдо карда метавонем. Бино ба ахбори сафири хитоӣ Чжан-Сян, ки соли 128 то мелод ба Осиёи Миёна омада буд, дар асри 2 то мелод ин сарзамин Давое ном дошт. Дертар солноманигори хитои Сима-Сян маълумоти Чжан Сянро оид ба давлати Давон нисбатан мукаммал кардааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо дар ин давра дар Давон зиёда аз 70 шаҳру қасаба вуҷуд дошт ва бештар аз 300 ҳазор аҳоли мезист. Давон дар Шимолу ва Ғарб бо давлати Кангюй, дар Ҷануб бо мулкҳои йӯҷиҳо (кушониҳо) ҳамҷавор буд. Хуҷанду Истаравшан ҳам чандмуддат дар ҳайати давлати Давон буданд. Иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла хоҷагии қишлоқ, хеле инкишоф ёфта буд. Деҳқонон бештар гандум ва шолӣ мекиштанд. Токдорӣ низ равнақ дошт. Чорводорӣ, хусусан аслпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат буд. Дар асри 2 то мелод императороии Хитой ба Фарғона мароқи калон зоҳир карданд. Ин ду сабаб дошт. Якум, императорҳои Хитой, ки бо мамлакатҳои Ғарб робитаҳои мунтазами тиҷоратӣ барқарор кардая мехостанд, барои худ дар Осиёи Миёна такягоҳи мустаҳкаме меҷустанд. Фарғона, ки дар сари Роҳи бузурги абрешим ҷойгир буд, ба хитоиҳо ҳамчун такягоҳ хизмат карда метавонист. Дуюм, аспҳои хушзоти фарғонагӣ дер боз диққати императорони Хитойро ба худ мекашид. Соли 104 то мелод ба муқобили Фарғона бо сардории лашкаркаш Ли Гуанли армияи 60-ҳазора фиристода шуд. Сокинони Фарғона бо сарварии шоҳи худ Муғуа ба истилогарон муқобилати сахт нишон доданд. Хусусан муҳосираи чилрузаи пойтахти Фарғона хеле вазнин буд. Дар натиҷаи хиёнат Муғуа кушта шуд ва бо ин ҳама хитоиҳо Фарғонаро пурра тобеи худ гардонда натавонистанд. Баъди марги Муғуа хитоиҳо ба тахти Фарғона намояндаи ашрофи маҳаллӣ Моцайро шинонданд. Баъди аз Фарғона рафтани лашкари Хитой фарғонагиҳо дастнишондаи хитоиҳоро ба қатл расонда, бародари хурдии Муғуаро (номаш маълум нест) шоҳ эълон карданд.
Бино ба малбаъҳои хаттӣ, Фарғона чун Бохтар, Суғд ва Порт давлати калоне ба шумор рафта, дорои хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандии мутараққӣ будааст. Дар ҳаёти ҷамъиятии аҳолии мамлакат куҳансолон» (намояндагони аъёюу ашроф) мавқеи калон доштаанд. Фарғонагиҳо ба занҳо эҳтироми махсус доштаанд. Мардҳо супориши занхоро бечунучаро иҷро мекардаанд. Ин нукта аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шояд дар байни фарғонагиҳо унсурҳои сохти модаршоҳӣ боқӣ монда бошанд.
Эҳтимол Фарғона дар ибтидои милод ба ҳайати давлати Кушониён дохил шуда бошад. Дар аҳди Кушоиибн дар Фарғона пахтакорию чорводории кӯчӣ ривоҷ ёфт. Чорвоҳои хушзот, хусусан аспҳо, чун пештара шӯҳрати калон доштанд.
Дар Фарғона аз асри 4 сар карда сулолаи маҳаллӣ ҳукм меронд, ки дар муддати чандин аср барқарор будааст. Фақат аз соли 630 Фарғона тақрибан даҳ сол бе подшоҳи ягона буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ҳокимони маҳалҳои алоҳидаи Фарғона муқтадир ва мустақил будаанд. Қарибиҳои соли 720 дар Фарғона подшоҳи муқтадире ҳукм меронд, ки дар маъхазҳои арабӣ бо номи Алутар (Ат-тар) маълум аст.
Ҳокимони Фарғона унвони маҳаллии «ихшид» ё «ихшад» доштанд. Соли 726 дар Фарғона ду ихшид буд; ихшиди мулкҳояш дар ҷануби дарёи Сир буда ба арабҳо ва ихшиди мулкҳояш дар шимоли дарё буда ба туркҳо итоат мекард. Соли 739 дар Фарғона Арслон Тархан ном турк ҳукмронӣ мекард. Дар он давраҳо пойтахти Фарғона аввал шаҳри Косон, баъдтар Ахсикат будааст.
Димнаи Косон дар канори Косонсой воқеъ гашта, аз ду қисм — шаҳр ва куҳандиз иборат аст. Тарҳи шаҳр зузалқашакл (трапесия монанд) буда, андозаи тарафҳои он 160X180 мебошад. Девори шаҳр бурҷҳои мустаҳкам дорад. Дар қисми ҷанубу ғарбии шаҳр куҳандиз ҷой гирифтааст. Иқтидори мудофиавии шаҳрро девори иловагие низ меафзуд, ки 15 м дарунтар аз девори асосӣ сохта шуда буд. Кӯшк андаке дуртар аз димна дар баландие меистод. Кӯшк девори ғафсу мустаҳкаме дошта, майдончаеро, ки вусъаташ 90×70 м аст, гирдогирд печонида гирифтааст. Девори мазкурро шаш бурҷ мустаҳкамтар кардаанд. Аз ин майдонча то дарвозаи шаҳр ду қатор девор буд, ки роҳи байни шаҳру кӯшкро муҳофизат карда, ҳар дуро ба ҳам мепайваст. Тули умумии атрофи ҳамаи ин харобаҳо ба 2 км мерасад. Соли 1948 А. Н. Бервштам дар ин ҷо ҳафриёт гузаронд. Маълум шуд, ки бошишгоҳ ҳанӯз дар давраи Кушониён вуҷуд доштааст. Дар болои ҳамин бошишгоҳ дар ибтидои асрҳои миёна шаҳри нави Косон бунёд гардидааст.
Дар ин давра аҳолии асосии Фарғонаро халқияти европоинажоди фарғонагиҳо ташкил медоданд. Дар Фарғона шеваҳои забонҳои суғдӣ ва сакоӣ маъмул буданд. Дар қисми ғарбии Фарғона ва Қува катибаҳои суғдӣ ёфт шудаанд. Олимон, аз ҷумла В. А. Лившис, бар чунин ақидаанд, ки дар Фарғона забони махсуси фарғонагн вуҷӯд дошт ва он ба гуруҳи забонҳои шарқии эрони дохил мешуд. В. А. Лившис дар фонди музеи Самарқанд тангаеро ёфт, ки дар рӯи он калимаҳои «Шоҳи Фарғона» ва номи шоҳ сабт шудааст. Хати рӯи танга оромиасос аст, вале аз ҳамаи хатҳои эронии миёна, аз ҷумла суғдӣ, хоразмӣ ва портӣ, фарқ дорад. Танга ба асрҳои 5—6 мутааллиқ буда, ҳоло ягона намунаи маълуми хатиқадими фарғонагӣ мебошад.
Фарғонаро ибтидои асри 8 Қутайба ибни Муслим забт кард. Соли 806 дар Сутд шӯриши калон сар зад, ки ба он волии араб Рофеъ ибни Лайс роҳбарӣ мекард. Фарғонагиҳо шӯришгаронро тарафдорӣ карда, ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Вале шӯриш бераҳмона пахш карда шуд. Аз солҳои 819—820 то охири асри 10 Фарғона ба ихтиёри хонадони Сомониён гузашт. Намояндагони ин хонадон Аҳмад ибни Асад, Исҳоқ ибни Аҳмад, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Ибни Асад ва дигарон ҳокимони Фарғона буданд.
Дар ахди Сомониён Фарғона яке аз вилоятҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққии Мовароуннаҳр ба ҳисоб рафта, марказаш — шаҳри Ахсикат дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир будааст. Дар ҷанубтари дарёи Сир рустоҳои Нисои Боло ва Нисои Поён ҷойтир буда, Нисои Боло водии дарёчаи Сурх ва маҳалҳои атрофи онро ишғол мекардааст ва он қариб 60 деҳа ва як қатор шаҳрҳо (Сӯх, Риштон, Ванкент)-ро дар бар мегирифтааст. Рустои Нисои Поён дар шарқтари Нисои Боло воқеъ гашта, дар он шаҳрҳои калони Зандаромаш, Марғинон (ҳозира Марғелон), Беренг, Уштикон, Андукан (ҳозира Андиҷон), Қува, Уш ҷойгир будаанд.
Дар водни дарёчаи Исфара рустои Асбара (Исфара, шаҳрчаҳои асосиаш Тамахуш ва Бамкахуш) воқеъ буд. Дар шимолтари дарёи Сир инчунин шаҳрҳо ва рустоҳои Боб (ҳозира Поп), Бороб ё Фороб, Турмукан, Косон ва Буканд, Чорак, Ашт, Туркар, Дигаркарт, Биган, Тискан ва Шавдан воқеъ гардида будаанд.
Дар Фарғонаи Шарқӣ шаҳри Насробод асос ёфта, минбаъд ба маркази волигӣ мубаддал шуд. Ба Фарғона инчунин рустоҳои Бисканд, Салот ва Ураст дохил мешуданд.
Дар аҳди Сомониён дар Фарғона хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандӣ тараққӣ кард. Дар хоҷагии қишлоқ пахтакорӣ ва боғдори мақоми баланд дошт.
Дар куҳҳои Фарғона сарватҳои табиат бисер буданд. Дар наздикии Ахсикат, дар рустоҳои Некад ва дигар маҳалҳо тилло ва нуқра, дар рустои Нисои Боло қатрон (шилм), асбест, тилло, нуқра, оҳан, мис, сурб, дар наздикии Сӯх симоб, дар Ӯзганд навшодир истихроҷ мекарданд. Дар рустои Асбара (Иофара) кони ангишт мавҷуд буд. Дар Фарғона зоҳиран нефт низ истеҳсол менамуданд.
Дар шаҳрҳои Фарғона ҳунармандӣ инкишоф ёфта буд. Ҳунармандон аслиҳа, олоти хоҷагии қишлоқ ва косибӣ, зарфҳои филизӣ, матои сафед (карбос, суф) истеҳсол мекарданд. Дар кӯшки Қалъаи Боло (наздикии Исфара) маснуоти шишагӣ мебароварданд. Савдои дохилӣ ва берунӣ авҷ гирифта буд. Аз Фарғона ба Хитой, Ҳиндустон, мамлакатҳои ҷанубу шарқи Европа матоъ, аслиҳа, мис, оҳан, навшодир, мебароварданд. Фарғона на танҳо бо мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ, балки бо давлатҳои Европа низ алоқаи тиҷоратӣ дошт.
Оид ба маданияти Фарғона дар аҳди Сомониён баъзе маълумотҳо мавҷуданд. Аз байни фарғонагиҳо олимони машҳур ба камол расидаанд. Яке аз онҳо мунаҷҷим ва риёзидон Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (асри 9), ки асари машҳури «Китоб-ул-ҳаракат-ус-самовия ва ҷавомеъ илм ан-нуҷум»-ро таълиф кардааст. Ин рисола дар асри 12 ба лотинӣ, асри 13 ба чандин забонҳои Европа тарҷума шудааст. Фарғониро дар Европа то асри 18 мешинохтанд. Муаррих Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Аҳмади Фарғонӣ (асри 10) бошад, дар Миср, Сурия зиндаги ва эҷод кардааст. Писари ӯ Аҳмади Фарғонӣ дар Миср умр ба сархи Табарӣ»-ро бо маълумоти нав мукаммалтар гардонидаид. Аҳмади Фарғонӣ инчунин оид ба таърихи Миср ду рисола таълиф намудааст. Асри 11 Фарғона зердасти Қарахониён гардид. Баъди муҳорибаи байни Қарахониён ва Қаракидониён (1141) Фарғона тобеи Қаракидониён шуд. Дар асри 13 Фарғонаро муғулҳо истило ва хароб карданд. Танҳо аз охири асри 13 сар карда иқтисодиёту маданияти ии кишвар аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Яке аз ҳокимони муғул — Тува (ҳукмронӣ 1282 —1306) Андиҷонро қароргоҳи худ интихоб кард, ки он минбаъд ба яке аз марказҳои муҳимми иқтисодии вилоят табдил ёфт.
Баъди таъсис ёфтани давлати Темуриён Фарғона ба ҳайати он дохил шуд. Дар аҳди Улуғбек ҳокими Фарғона Аҳмад, қатъи назар аз он ки ин кишвар расман тобеи ҳокимияти марказӣ буд, сиёсати мустақилона пеш мебурд. Танҳо баъди ба Фарғона лашкар кашидани Улуғбек он пурра ба ихтиёри ҳокимияти марказӣ гузашт. Дар охири асри 15 Фарғонаро Умаршайх (падари Заҳируддин Бобур) идора мекард. Умаршайх ҳокимияти Фарғонаро аз падари худ Абӯсаид (ҳукмронӣ 1451—69) мерос гирифт. Дар аҳди Абӯсаид Фарғона яке аз кишварҳои мутараққии давлати Темуриён ба шумор мерафт. Аҳолии асосии он тоҷикон ва туркҳо буданд. Дар ин давра иқтисодиёт ва маданияти Фарғона ба дараҷаи баланди инкишоф расид. Мувофиқи маълумоти Бобур дар хоҷагии қишлоқи Фарғона ғаллакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ ҷои намоёнро ишғол мекарданд. Хусусан бодоми Кандибодом (ҳозира Конибодом) ва Исфара, нокҳои Андиҷон, анору зардолуҳои Марғелон шӯҳрати калон доштанд. Дар Фарғона инчунин зироати полезӣ (харбуза, тарбуз) парвариш карда мешуданд. Аз зироати техникӣ бошад, чун пештара пахта мавқеи асосиро ишғол мекард.
Баъди вафоти Умаршайх Заҳируддин Бобур ҳокими Фарғона шуд. Дар аҳди ӯ шаҳрҳои Ахсӣ, Косон, Андиҷон, Уш, Марғелон, Исфара хеле тараққӣ карданд. Дар пойтахти Фарғона — шаҳри Андиҷон забони туркӣ ҳукмрон гардид. Дар бисёр шаҳру деҳаҳо бошад, забони асосии гӯфтугӯии мардум чун пештара забони тоҷикӣ буд.
Дар асри 16 Фарғона ба ҳайати давлати Шайбониён дохил шуда, шаҳри Андиҷон ба қароргоҳи ҳокимони шайбонӣ табдил ёфт. Охири асри 16 баъди парокандашавии давлати Шайбониён Фарғонаро чанд муддат ҳокимони маҳаллӣ идора карданд. Дар ибтидои асри 18 яке аз амирони қабилаи минг Шоҳрухбий дар терреторияи Фарғона ба хонии Хӯқанд асос гузошт.
Адабиёт: Ғафуров Б. Р., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри мйёна, китоби якум. Душанбе, 1983; Бернштрм А. Н„ Древняя Фергана, Ташкент, 1951; Заднепровский Ю. А., Древняя земледелческая култура Фергани, МИА СССР, № 118, М.—Л., 1962; Бартолд В. В., Фергана Сочинение, том 3, Москва, 1965; Литвинский’ Б. А.. Кургани и курумиг Западной Ферганы, том 1—2,. Москва, 1972; Негматов Н. Н., Государство Саманидов, Душанбе, 1977.
Н. Неъматов, А. Валиев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …