Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Ленинобод

Вилояти Ленинобод

ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД ( Вилояти Суғд аз соли 2000 -ум) , вилоятест дар ҳайати РСС Тоҷикистон 23 декабри 1970 аз нав ташкил шудааст (27 октябри 1939 таъсис ёфта, 28 марти 1962 барҳам хӯрда буд). Дар шимоли кишвар воқеъ аст. Масоҳаташ 26,1 ҳазор км. мураббаъ. Аҳолии Вилояти ЛЕНИНОБОД 1291,5 ҳазор нафар (1 январи соли 1982), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, қирғизу тоторҳо ва дигарон. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км муррабаъ 49,1 нафар. Вилоят ба 12 район тақсим шуда, 9 шаҳр ва 21 пасёлаки типпӣ шаҳрӣ дорад.

ЛЕНИНОБОД ” class=”size-full wp-image-73350″ height=”538″ id=”attachment_73350″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/02/sogd-oblast-tajikistan-k.jpg” width=”800″> Вилояти ЛЕНИНОБОД

Шаҳрҳои калон: ЛЕНИНОБОД , Конибодом, Исфара, Ӯротеппа, Панҷакент. Дар давраи советӣ шаҳрҳои Ғафуров, Шӯроб, Чкаловск, Қайроқум бунёд гардиданд. Маркази Вилояти ЛЕНИНОБОД шаҳри ЛЕНИНОБОД .

Ҷуғрофия: Масоҳати вилояти ЛЕНИНОБОД асосан кӯҳсор аст. Дар Шимоли қаторакӯҳи Қурама (баландиаш то 3769 м.) ва кӯҳи Муғул (Мевагул, баландиаш то 1624 м), дар ҷанубии он қаторакӯҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м.), Зарафшон (баландиаш то 5489 м), Ҳисор (нишебиҳои Шимоли он) воқеанд. Дар байни қаторакӯҳҳои Қурама ва Туркистон қисми ғарбии водии Фарғона ҷойгир аст. Водии Зарафшон қаторакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро аз ҳамдигар ҷудо мекунад.

Сарватҳои зеризаминӣ: ангиштсанг, ангишти бӯр, нефт, озокерит, маъданҳои мису полиметалл, висмут, охан, флюорит, фосфорит, намак, молибден, сурма, симоб, рангҳои минералӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра.

Иқлими Вилояти ЛЕНИНОБОД : континентӣ ва хушк буда, вобаста ба баландиҳо тағйир меёбад. Ҳарорати миёнаи январ дар водиҳо 0,7—1 С, июл 28е—29 С. Боришоти солона 150—300 мм. Баъзе вақтҳо гармсел мешавад. Ҳавои кӯҳҳо салқин. Ҳарорати миёнаи январ —4° С, июль 26° С. Боришоти солона дар кӯҳҳо (баландиаш то 1000 м) 400 мм; ҳарорати миёнаи январ дар баландиҳои 2500—3000 метр -9 С ва июл +13° С, боришоти солона то 800 мм.

Дарёҳои калон: Сир (шохобҳои он Исфара, Хоҷабоқирхон, Оқсу), Зарафшон (шохобҳояш Фон, Мастчоҳ, Яғноб, Искандар, Киштут, Моғиён). Манбаи онҳо: пирях, барфу борон ва оби чашмаҳо. Калонтарин кӯлҳо: Искандар, Оксукон ва обанборҳои Қайроққуму Каттасой. Хоки водиҳои соҳили чапи дарёи Сир хокистарӣ, дар кӯҳҳо хокистарии тира, қаҳваранг, ҷигарранг.

Олами набототаш гуногун аст. Растаниҳои заминҳои бикр хусусияти биёбонӣ доранд (явшон, эфемерҳо, дар баъзе ҷойҳо нахутаку хӯшадорҳо, шӯраҳо ва буттаҳои гуногун), дар соҳилҳои дарёҳо растаниҳои ботлоқӣ мерӯянд. Дар қисми шимолии қаторакӯҳи Туркистон ва нишебиҳои Қурама арча, заранг, зирк, настаран ва ғ. вомехӯранд. Дар баландии 2500—3000 м (қаторакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор) марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ ҷойгиранд, ки тобистон ҳамчун чарогоҳҳо истифода мешаванд.

Аз ҳайвонот рӯбоҳ, гург, гуроз, оҳу, харгӯш, ҳайра, хирс, бабр, сияҳгӯш; аз паррандаҳо тазарв, кабк, булбул, кабӯтар. майна, эзорсурхак, зоғ, лаклак, мурғи ҳилол, мурғобӣ ва ғ. вомехӯранд. Дерё ва кӯлҳои вилоят аз гулмоҳӣ, лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ, ширмоҳӣ ва ғ. бой аст.

Масоҳати вилоят то ғалабаи Революсияи Кабири Сотсиалистии Октябр яке аз гӯшаҳои қафомондаи Россияи подшоҳӣ буд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар хоҷагии халқи вилоят дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд.

Харитаи кунунии Вилояти ЛЕНИНОБОД аз Кайҳон

Соҳаҳои саноат: мошинсозӣ, коркарди металл, саноати сабук, хӯрокворӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи бинокорӣ. Корхонаҳои калони вилоят: заводҳои мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, мошинҳо барои саноати бофандагӣ ва ғ. дар ЛЕНИНОБОД , Адрасмон, Исфара, Нов), комбинати маъдантозакунии Анзоб, кони ангишти Шӯроб, заводҳои аппаратураҳои пастшиддати электрикӣ (Адрасмон), асбобҳои равшанидиҳандаи техникӣ (Исфара), чӯбгарӣ, истеҳсоли конструксияҳои оҳану бетон (Қайроққум, ЛЕНИНОБОД ), масолеҳи бинокорӣ (Пролетар, Исфара, Пенҷакент, ЛЕНИНОБОД ), саноати коркарди металл ( ЛЕНИНОБОД , Конибодом, Чкаловск). Манбаи асосии қувваи электр ГЭС-и «Дӯстии халқҳо» (Қайроққум). Корхонаҳои саноати сабук: комбинатҳои шоҳибофӣ ( ЛЕНИНОБОД ) ва Иттиҳодияи қолинбофӣ (Қайроққум) мебошанд, ки бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудаанд; фабрикаҳо: трикотаж (Ӯротеппа), либосдӯзӣ, пойафзолдӯзӣ ( ЛЕНИНОБОД , Конибодом), корхонаҳои саноати хӯрокворӣ: комбинатҳои конссерв, гӯшту шир, заводҳои спирт, вино, равған, корхонаҳои қаннодӣ, Иттиҳодияи нонпазӣ ва ордкашӣ мавҷуданд. Онҳо соли 1981 қариб 40% маҳсулоти саноатӣ, 30% маҳсулоти хоҷагии қищлоқи республикаро истеҳсол карданд (тақрибан 100% ангишт, 99,3% қолин, 93% шоҳӣ, 68% гази табиӣ, 55,6% нефт, 4,3% қувваи электр, 30% пахта, 75% равғани пахта, 86% тамоку, 29% маҳсулоти гӯшту шир ва ғ.).

Маҳсулоти корхонаҳои вилоят берун аз ҳудуди республика шӯҳрати калон пайдо кардааст. Аз ҷумла шаробҳои «Ғончӣ», «Исфисор» ва «Ӯротеппа» дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ— шаҳрҳои Париж ва Белград соҳиби дипломҳои дараҷаи якуму медали тилло гардидаанд.

Кишоварзӣ ва чорводорӣ: Соҳаҳои муҳими хоҷагии қищлоқ пахтакорӣ, кирмакдорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорист. Ҳоло хоҷагии қишлоқи вилоят механиконида шудааст. Соли 1982 вилоят 63 колхозу 60 совхосз дошт. Замини онҳо ба воситаи Канали Калони Фарғона, Канали Шимоли Фарғона, Тоҷикистони Советӣ, Марғедер, стансияи насосии Сомғор, Хоҷабоқирхон, Мирзочӯл, Деҳмой, Каттасой, Ашт обёрӣ мешавад. Майдони умумии заминҳо 2517,7 ҳазор га, аз ҷумла киштзор 270,3 ҳазор га (234,6 ҳазор га заминҳои обӣ), пахтазорҳо 90,7 ҳазор га, боғу токзорҳо 35,6 ҳазор га, полизу обчакорӣ 5,4 ҳазор га; чарогоҳҳо 677,6 ҳазор га.

Вилоят 1 январи соли 1982 –юм 133 364 cap гов, 510 233 сар бӯзу гӯсфанд. 25 897 cap хук, 4 097 сар асп дошт. Кирмакдорӣ аз соҳаҳои қадимтарин буда, дар солҳои Ҳокимияти Советӣ хеле инкишоф ёфт. Вилоят ба давлат соли 1980 263 313 т. пахта фурӯхт.

Тӯли роҳи оҳан 173,2 км, роҳҳои мошингард 3,6 ҳазор км. Хати роҳи оҳани Тошкент — Намангон, Москва — Андиҷон, Фрунзе — Ҷалолобод ва роҳҳои мошингарди ЛЕНИНОБОД — Душанбе, Тошкент — Қӯқанд аз масоҳат. вилоят мегузаранд. Роҳҳои ҳавоӣ вилоятро бо шаҳрҳои Душанбе, Москва, Тошкент, Самарқанд ва дигар шаҳру районҳои республикаҳои иттифоқӣ пайвастаанд.

Маориф ва фарҳанг: Соли таҳсили 1981-19882 дар вилоят 813 мактаби маълумоти умумӣ, 12 мактаби миёнаи махсус (359 400 нафар хонанда) мавҷуд буданд. Дар ин ҷо Институти педагогии ба номи С. М. Киров, Институти боғу токдории ба номи И. В. Мичурин, Институти такмили ихтисоси муаллимон, шӯъбаи ИН Тоҷикистон амал мекунанд. 1 январи 1982 дар вилоят 246 муассисаи томактабӣ, 493 китобхонаи оммавӣ, 6 музей, 5 театри касбӣ (Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин ш. ЛЕНИНОБОД , театри драма ва мазҳакаи русии Чкаловск, театри драмаи мусиқии Конибодом, театри драмаи мусиқии байнирайонии Нов ва театри республикавии лухтак дар Чкаловск) ва 12 театри халқӣ, 369 клуб, 15 меҳмонхона, 365 дастгоҳи филмнишондиҳӣ, 27 қаср ва хонаҳои пионерӣ, 4 стансияи техникаҳои ҷавон, 17 мактаби спортии ҷавонон ва мактаби спортии бачагона, боғи ботаникии АФ РСС Тоҷикистон мавҷуд буд. Дар вилоят 162 муассисаи табобатӣ, 35 поликлиника, 386 маркази беҳдошт, 10 таваллудхонаи колхозӣ, 114 дорухона, 12 санатория мавҷуданд, ки дар онҳо 2496 нафар духтур (1 духтур ба 518 нафар аҳолӣ) ва 7908 нафар коркуни миёнаи тиббӣ кор мекунанд. Вилоят маркази радиошунавонӣ дорад. 522 ёдгории таърихӣ, меъморӣ, шӯҳрати револютсионию ҷангӣ ва меҳнатии вилоят аз тарафи давлат муҳофизат карда мешавад.

Газетаҳои вилоятии «Хақиқати ЛЕНИНОБОД » ва «Ленинабадская правда» нашр мешуданд.

Дар вилоят бисёр колхозҳое ҳастанд, ки дар тамоми мамлакат машҳур гардидаанд ва натиҷаҳои меҳнати онҳо бо мукофотҳои давлатӣ такдир шудаанд. Масалан, колхози ба номи В.И. Ленини pайони Пролетар бо ордени Ленин, колхози «Коммунизм»-и райони Конибодом бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, колхози ба номи М. В. Фрунзе и райони Хуҷанд бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидаанд.

Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1950). Ҳамаи ин комёбиҳои беназири вилоят ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Партияи Коммуннстӣ ба даст омадаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …