Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти САРАТОВ

Вилояти САРАТОВ

САРАТОВ, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. 10 январи 1934 ташкил шудааст (солҳои 1934—1936 кишвари Саратов буд). Масоҳаташ 100,2 ҳазор километр.2 Аҳолиаш 2605 ҳазор нафар. (1984). Дар вилоят 38 район, 17 шаҳр ва 31 посёлкаи типпи шаҳр ҳаст. Марказаш шаҳри Саратов. Вилоят бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1956, 1970).

gorod-saratov
Табиат. Вилоят дар ҷануби шарии ҳамвории Европаи Шарқӣ, дар Поволжияи Поён, дар ҳар ду тарафи шаҳр (соҳили дарёи Волга ҷой гирифтааст. Иқлимаш континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ —11°С, —14°Селсия, июл 20—24*Селсия. Боришоти солона 250—450 миллиметр. Дар самти ғарбии вилоят шохобҳои дарёи Дон: Хопёр, Медведица, Иловля ҷорӣ мешаванд. Хоки вилоят сиёҳ, дорчинии тира ва дорчинӣ. 5%масоҳати вилоят бешазор (булут, тӯс ва ғайра) аст. Дар вилоят ҳайвонҳои зерин ҳастанд: гург,’ рӯбоҳ, хаз, заргӯш, шоҳгавазн, сайгак, хонгул, гуроз ва хояндаҳои гуногун. Дар дарёи Волга, шохобҳои он ва дар Хопёр ва Медведица моҳиҳои судак, лаққа, леш ва ғайра бисёранд.
Аҳолӣ. Дар вилоят асосан русҳо, инчунин украинҳо, қазоқҳо, тоторҳо,белорусҳо, чувашҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои калон: Саратов, Энгелс, Балаково.
Хоҷагӣ. Дар давоми солҳои 1913— 1974 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат 49 маротиба афзуд. Дар вилоят электроэнергетика, мошинсозӣ, саноати химия ва нефту химия босуръат тараққӣ карда истодаанд. Гидро Электоро Стансияи Саратов ба номи Комсомоли ленинӣ, Гидро Электоро Стансияи ГРЭС ва Тепло Электро СтансияТЭЦ-1, Тепло Электро СтансияТЭЦ-2-и Саратов ва ғайра базаи энергетикаи вилоят мебошанд.
Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл асосан дар Саратов (заводҳои авиатсионӣ, мошинсозии энергетикӣ, подшипник, «Серп и молот», «Сардизел», «Нефтемаш» ва ғайра), Энгелс (заводи троллейбуссозии ба номи Уринский, заводи конструксияҳои металлӣ, заводи қисмҳои эҳтиётии автомобилу трактор ва ғайра), инчунин дар Балаково (заводи таъмири киштиҳо), Балашов (заводҳои таъмири автомобил, присепҳои автомобилу трактор), дар Петровск (заводи қисмҳои эҳтиётии автомобил) ва ғайра ҷой гирифтаанд. Саноати коркарди нефт дар Саратов вокеъ аст. Саноати химия низ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои калонтарини химия: Иттиҳодияи истеҳсолии «Нитрон» (дар Саратов), Иттиҳодияҳои истеҳсолии «Химволокно» (дар Энгелс ва Балаково), заводи химия дар Балаково, заводи маҳсулоти резини техникӣ дар Саратов. Саноати масолеҳи бинокорӣ хишт, семент, маснуоти оҳану бетон, карамзин, шишаи тиреза, шифер ва ғайра мебарорад. Саноати тахтабурӣ ва чӯбгарӣ тараққӣ кардааст. Дар саноати хӯрокворӣ корхонаҳои гӯшту шир, орду ярма ва равған бештар ривоҷ ёфтаанд. Дар Балашов заводи қанд сохта шудааст.
Саратов яке аз ноҳияҳои муҳими хоҷагии қишлоқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Дар вилоят 403 колхоз ва 237 совхоз буд (1974). Xоҷагии қишлоқи вилоят 8485,7 ҳазор гектар замин дошт (1974). Замини кишт 6126,3 ҳазор гектар буд, ки аз он 4476.3 ҳазор гектар барои зироати ғалла, 420.6 ҳазор гектар барои зироати техникӣ, 80,9 ҳазор гектар барои картошка ва сабзавоту зироати полизӣ ва 1148,5 ҳазор гектар барои зироати хӯроки чорво ҷудо карда шудааст. Дар вилоят асосан гандум, ҷав, арзан, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка кишт мешавад. Аз зироати техникӣ асосан офтобпараст парвариш мекунанд.
Дар вилоят чорводорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Соли 1975 дар вилоят ин қадар чорво буд (ба ҳисоби ҳазор сар): гов— 1587, модагов —615, бузу гӯсфанд — 2964, хук —894.
Тӯли роҳи оҳан 2217 километр (1974). Дарозии роҳи автомобилгард 22,7 ҳазор километр. Дарёҳои Волга ва Иргизи Калон киштигарданд.
Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1974—1975 дар 1952 мактаби маълумоти умумӣ 420,1 ҳазор талаба, дар 77 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 32,4 ҳазор талаба, дар 47 мактаби миёнаи махсус 54,1 ҳазор талаба ва дар 12 мактаби олӣ 58,6 ҳазор студент мехонд. Соли 1975 дар вилоят 1342 муассисаи томактабӣ буд, ки дар он 122,6 ҳазор кӯдак тарбия ёфт.
Соли 1975 дар вилоят 1191 китобхонаи оммавӣ, 13 музей, 7 театр, филармония, сирк, 1755 клуб, 1915 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 3 Қасри пионерон, 2 стансияи табиатшиносони ҷавон буд.
Дар вилоят газетаҳои вилояти «Коммунист» (аз соли 1906), газетаи комсомолии «Заря молодёжи» («Субҳи ҷавонӣ», аз соли 1919) чоп мешаванд. Радио барномаҳои вилоятӣ ва Марказиро мешунавонад. Телевизиони вилоятӣ барномаҳои маҳаллӣ ва Марказиро намоиш медиҳад. Соли 1974 дар вилоят 251 беморхонаи дорои 27,8 ҳазор кат (11,1 кат ба 7 ҳазор сокин) буд; 9,1 ҳазор духтур (1 духтур ба 276 сокин) кор мекард. Дар вилоят курорти ба номи В.И. Чапаев, 15 санатория ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …