Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти САХАЛИН

Вилояти САХАЛИН

ss

САХАЛИН, вилоятест, дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, 20 октябр 1932 ташкил шудааст. Масоҳаташ 87,1 ҳазор километр9. Аҳолиаш 685 ҳазор нафар (1984). Сахалин 17 райони чаъмурӣ, 19 шаҳр ва 34 посёлкаи типпи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Южно-Сахалинск, Сахалин бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).
Табиати вилоятро нигаред, дар мақолаҳои Сахалин, ҷазира ва Курил — галаҷазира.
Аҳолӣ. Асосан русҳо, инчунин украинҳо, кореягиҳо, белорусҳо, тоторҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 7,8 нафар 83% аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат дорад. Шаҳрҳои асосӣ: Южно-Сахалинск, Корсакоа, Холиск, Поронайск, Невелск, Оха, Александровск-Сахалинский, Углегорск, Долинск.
Хоҷагӣ. Саноат дар иқтисодиёти Сахалин роли асосӣ мебозад. Соҳаи асосии ои саноати моҳӣ мебошад (38% ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати вилоятро медиҳад). Саноати ҷангал, чӯбгарӣ ва саноати селлюлозаю коғаз қариб 1/4 ҳаҷми умумин маҳсулоти саноат- ро медиҳад. Саноати истихроҷи нефт дар Сахалини Шимолӣ ҷой гирифтааст; нефт ба воситаи трубопровод ба Комсомолски Амур (фиристода мешавад. Дар Сахалин газ, ангишт, нефт ва ғайра истихроҷ карда мешавад. Дар шафати шаҳри Оха Тепло Электро СтансияТЭЦ ва дар назди посёлкаи Вахрушев ГРЭС сохта шудааст. Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл асосан корҳои таъмириро ба ҷо меорад (киштисозӣ ҷои асосиро мегирад). Саноати масолеҳи бино- корӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Соҳаи асости хоҷагии қишлоқ— чорводорӣ. Соли 1975 дар вилоят 39 совхоз, 10 колхоз буд. Xоҷагии қишлоқи вилоят 38 ҳазор гектар замини киштбоб дорад (1974), аз он ҷумла 13,8 ҳазор гектар барои кишти картошка, 2,7 ҳазор гектар барои сабзавот, 22 ҳазор гектар барои бехмева, 0,8 ҳазор гектар барои боғдорӣ ҷудо карда шудааст.
Соли 1975 дар вилоят 67 ҳазор сар гов, 107 ҳазор сар хук, 14,1 ҳазор сар гавазни шимолӣ, 1605 ҳазор сар парранда буд. Нақлиёти баҳрӣ, дарёӣ ва нақлиёти роҳи оҳан тараққӣ ёфтааст.
Маориф, муассисаҳои илми ва маданӣ. Дар соли таҳсили 1974/1975 дар 346 мактаби маълумоти умумӣ 122,6 ҳазор, дар 15 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 6 ҳазор, дар 10 мактаби миёнаи махсус 11,3 ҳазор, талаба, дар ин-ститути педагогӣ (дар Южно-Сахалинск) 2,2 ҳазор студент хонд. Соли 1975 дар 545 муассисаи томактабӣ 51,1 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Дар вилоят Институти тадқиқоти илмии комплексии дар Сахалин будаи Маркази илмии шарқидурии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Шӯъбаи сахалинии Институти тадқиқоти илмии хоҷагии моҳӣ ва океанографии уқёнуси Ором, Институти давлатии тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии саноати нефти Сахалии ва ғайра ҳастанд. Соли 1975 дар вилоят 315 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносии вилоятӣ, театри драма (дар Южно-Сахалинск), 316 клуб, 444 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 37 муассисаи беруназмактабӣ буд. Газетаҳои ви- лоятии зерин чоп мешаванд: «Советский Сахалин» (аз соли 1925), «Ле- нины гилло» («Бо роҳи Ленин», ба забони кореягӣ, аз соли 1949), газетаи комсомолии «Молодая гвардия» (аз соли 1947). Радио ва телевизион барномаҳои маҳаллӣ ва марказиро мешунавонад ва намоиш медиҳад.
Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1975 дар вилоят 95 муассисаи табобатии дорои 11,0 ҳазор кат (16,8 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), 2,6 ҳазор духтур (1 духтур ба 254 аҳолӣ) кор кард. Чашмаҳои оби минералӣ, 7 санатория ва ғайра ҳастанд.

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …