Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти РЯЗАН

Вилояти РЯЗАН

РЯЗАН, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 26 сентябри 1937 ташкил шудааст. Масоҳеташ 39,6 ҳазор км3 Аҳолиаш 1328 ҳазор нафар (1983). Вилоят 25 район, 12 шаҳр ва 28 птш дорад. Марказаш шаҳри Рязан. Вилоят бо ордени Ленин (1958) мукофотонида шудааст.
Табиат. Вилоят дар маркази Қисми европоии СССР, дар ҳавзаи маҷрои миёна ва поёноби дарёи Ока воқеъ гардидааст. Сатқи вилоят асосан ҳамвор. Қисми шимолии он (соҳили чапи Ока) дар пастхамии Мешера (баландиаш 80—100 м, дар Ҷануб то 120—130 м) воқеъ аст. Дар қисми шарқии соҳили рости Ока ҳамвории Окаю Дон (баландиаш то 180 м) ҷой гирифтааст. Дар қисми ғарбӣ шохаи Баландиҳои Руси Миёна (ба-ландиаш то 237 м) тӯл кашидааст. Сарватҳои зеризаминӣ: ангишти бур, торф, оҳаксанг, гил, peг. Иқлимаш континентӣ, зимистонаш мӯътадили хунук ва тобистонаш гарм. Ҳарорати миёнаи июл 19.2°С. январ— 11°C дар Шимолу Шарқ ва—10,3°С дар Ҷанубу Ғарб Боришоти солона 450—500 мм.

ryazan1
Дарёи асосиаш—Ока. Кӯлҳои калонаш: Великое, Белое, Чёрное. Хокаш асосан хокистарранг, хокистарранги бешагӣ ва сиёҳхок. 24% территорияи вилоят бешазор аст. Дар Рязан пастхамии Мешера бешаҳои калон ҷой доранд. Пешаҳо асосан аз дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг иборатанд. Дар беша санҷоб, рӯбоҳ, харгӯш, гург, гуроз, шоҳгавазн ҳаст. Дарёву кӯлҳояш моҳиҳои гуногун дорад. Дар ҳавзаи даёр Пра Қӯруқи Ока ташкил шудааст.
Аҳолӣ. Дар Рязан асосан русҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 34 нафар (1979). 58% аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калон: Рязан, Касимов, Скопин ва Сасово.
Хоҷагӣ. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Рязан ноҳияи қафомондаи аграрӣ буд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ Рязан ба ноҳияи калони индустриалӣ табдил ёфт. Маҳсулоти умумии саноати калон соли 1974 назар ба соли 1913-ум 185 маротиба афзуд. Ба ҷои хоҷагиҳои хурд ва парокандаи деҳқонӣ хоҷагии қишлоқи пуриқтидори сотсиалнстии дорои техникаи навтарин барпо шудааст. Вилоят ғалла, картошка, сабзавот, меда парвариш мекувад; соҳаи чорводорӣ низ тараққӣ ёфтааст. ТЭЦ-ҳои Дягилевск ва Новорязанск, ГРЭС-и Рязан вилоятро бо қувваи электр таъмин мекунанд. Бештар саноати мошинсозӣ ва коркарди металл, коркарди нефт, химия, масолеҳи бинокорӣ, сӯзишворӣ, сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст.
Дар Рязан гандум, ҷав, картошка, лаблабуи қанд, барои хӯроки чорво бехмева мекоранд. Дар соҳилҳои дарёи Ока хоҷагиҳои калони сабзавоткорӣ ташкил шудаанд. Совхозҳои калони боғдорӣ низ дастанд. Ба мелиоратсияи замин аҳамияти калон дода мешавад. Чорводорӣ соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқи Рязан мебошад. Соли 1975 дар Рязан 808 ҳазор cap гов, 396 ҳазор cap хук, 368 ҳазор cap гӯсфанд буд.
Тули роҳи оҳан 1034 км (1974). Дарозии роҳҳои автомобилгард 2888 км. Магистрали автомобилгарди Москва — Куйбишев ва Москва — Волгоград территорияти Рязанро бурида мегузарад.

Мактаб, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ. Нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1974/1975 дар 1413 мактаби маълумоти умумии Рязан 233,3 талаба, дар 37 омӯзишгоди касбҳои техникӣ 15,2 ҳазор талаба, дар 29 мактаби миёнаи махсус 28,6 ҳазор талаба, дар 4 мактаби олӣ (институтҳои радиотеникӣ, хоҷагии қишлоқ, тиббӣ, педагогӣ —ҳамааш дар Рязан) 18,5 ҳазор студент мехонд. Соли 1975 дар 538 муассисаи томактабӣ зиёда аз 49,3 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Муассисаҳои калони илмии вилоят — Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии лоиҳакашӣ доир ба ташкил ва иқтисодиёти таъминоти моддию-техникии хоҷагии қишлоқ, технологияи нигоҳдорӣ ва истифодаи нуриҳо ва химикатҳои заҳрнок дар Рязан, Стансияи минтақавии таҷрибавию мелиоративии Мешера дар Солотча, Институти парвариши занбӯри асал дар шаҳри Рибний, Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии асппарварӣ дар Рибний, Стансияи таҷрибавии вилоятии хоҷагии қишлоқ дар райони Рязан, 1975 дар Рязан 1019 китобхонаи оммавӣ, Музейи бадеии вилоятӣ, Музей-қӯруқи таърихию меъморӣ, планетария, Қӯруқи таърихию археологии «Старая Рязан», музейҳои кишваршиносӣ, Хона-музейи Садриддин Айнӣ Есенин,.Хона-музейи акад. И. П. Павлов; 3 театр (театри драма, театри лухтак, театри тамошобинони ҷавон); 1519 клуб, 1306 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, қасри пионерон, 3 хонаи пионерон, 5 боғи бачаҳо, 4 стансияи табиатшиносони ҷавон, 5 стансияи техникҳои ҷавон, 17 мактаби спорт ва ғайра кор мекард.
Соли 1975 дар Рязан 164 муассисаи табобатии дорои 16,2 ҳазор кат (11,9 кат ба 1000 аҳолӣ) буд, ки дар онҳо 4,3 ҳазор духтур (1 духтур ба 317 аҳолӣ) кор мекард; вилоят 5 санатория, базан туристӣ дорад. Газетаҳои вилоятии «Приокская правда» (аз соли 1917), «Рязанский комсомолец» (аз соли 1920) нашр мешаванд. Стансияҳои телевизион ва радио дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …