Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти РОВНО

Вилояти РОВНО

РОВНО, вилоятест дар ҳайати РССУ. 4 декабри 1939 ташкил шудааст. Дар шимолу ғарби Украина воқеъ аст. Масоҳаташ 20,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1158 ҳазор нафар (1984). Ровно ба 15 район тақсим шуда, 9 шаҳр ва 18 птш Марказаш — шаҳри Ровно. Вилоят бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шудааст.
Табиат. Территорияи вилоят ҳамвори каме пасту баланд буда, аз Ҷануб ба Шимол тадриҷан паст шуда меравад. Қисми шимолии вилоятро пастии Поле¬сий, қисми ҷанубии онро канорҳои шарқии баландии Волин ишғол мекунад.

rrr
Иқлимаш муътадили контивентӣ; зимистонаш мулоим ва тобистонаш гарми мӯътадил. Ҳарорати миёнан январ —3,8°С, июл 18,5°С. Боришоти солона 560—620 мм.
Дарёҳои Ровно ба ҳавзаи Днепр мансубанд. Дарёи калон: Припят ва шохобҳои он Горин (бо Случ), Стир (бо Иква), Ствига (бо Мой¬ва) , Дарёҳои Горин, Стир аҳамияти нақлиётӣ доранд; бо дарёи Случ салкашӣ мекунанд. Дар Полесия ботлоқзор ва кулҳо бисёранд. Хоки ҷануби вилоят асосан сиёҳ ва хокистарранг, хоки шимол чимтолию хокистарӣ ва ботлоқӣ. Хоки соҳилҳои Горин ва Иква хокистарӣ ва аз гилу рег иборат. Тақрибан 34% территорияи вилоят бешазор (санавбар, код, хаданг, олаш, баргларзон, заранг).Дар бешазор гург, рӯбоҳ, гурба, шоҳгавазн, қашқалдоқ, қоқум, санҷоб ва ғайра ҳаст; дар бешаи Клеванс (ғарбтар аз Ровно) зубрҳои аз Белорус¬сия оварда зиндагӣ мекунанд. Дарё ва кӯлҳо аз моҳӣ бойанд. Ондатра ва саги нба шароити табиати маҳал мутобиқ кунонида шудаанд.
Аҳолӣ. 93,5%-и аҳолии вилоят украинҳо; русҳо ва белорусҳо низ зиндагӣ мекунанд. Ноҳияиҳои ҷанубӣ сераҳолианд (дар 1 км3 80—100 кас). Шаҳрҳои калон: Ровно, Дубно, Здолбунов, Костопол, Сарни.
Хоҷагӣ. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ Ровно аз минтақаии қафомондаи аграрӣ , ки корхонаҳои хурди нимкосибӣ дошт, ба вилолти индустриалии аграрӣ, ба минтақаи саноати хӯрокворӣ, ҷангал, чӯбгарӣ ва коғази РССУ табдил ёфт. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат соли 1974 назар ба соли 1940 30 маротиба, назар ба соли 1960 4,7 маротиба афзуд. Вилоятро бо қувваи электр ГРЭС-и Добротвор (вилояти Лвов) таъмин мекунад.
Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқи вилоят: обчакорӣ ва чорводорӣ. 1 январи 1975 дар вилоят 288 колхоз ва 30 совхоз буд. Аз зироати ғалладона гандуми ти¬ра моҳӣ, ҷавдор, лубиё, сулӣ, арзан, аз зироати техникӣ лаблабӯи қанд, зағир, картошка кишт ме¬шавад. Соли 1975 дар вилоят (ба ҳисоби ҳазор cap) 746,1 гов, 508,7 хук, 133,6 бузу гӯсфанд буд. Паррандапарварӣ ва харгӯшпарварӣ тараққӣ карда аст. Тӯли роҳи оҳан 579 км. Узели муҳими роҳи оҳан— Здолбунов, Сар¬ны. Дарозии роҳи автомобилгард 7,8 ҳазор км.
Маориф, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ. Нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1974/1975 дар 886 мактаби маълумоти умумии вилоят қариб 223 ҳазор, дар 21 мактаби касбҳои техникӣ 12 ҳазор, дар 16 мактаби миёнаи махсус 13,1 ҳазор хонанда, дар Институти инженерии хоҷагии оби Украина, институти педагогӣ ва дар факултети маданӣ маърифатии Институти маданияти Киев (ҳамааш дар Ровно) 12,1 ҳазор студент мехонд. Соли 1974 дар 180 муассисаи томаткабӣ зиёда аз 19 ҳазор кӯдак тарбия ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …