Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти РОСТОВ

Вилояти РОСТОВ

map_of_russia_-_rostov_oblast-svg

РОСТОВ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 13 сентябрт 1937 ташкил шудааст. Масоҳаташ 100,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 4219 ҳазор нафар (1984). Ростов 39 райони маъмурӣ, 22 шаҳр ва 34 птш дорад. Марказаш — шаҳри Ростови Дон. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958)
Вилоят дар Ҷанубу Шарқи ҳамвории Ев¬ропа ва як қисми Кавкази Пеш, дар ҳавзаи Дони Поён воқеъ аст. Аз Ҷанубу Ғарб халиҷи Таганроги баҳри Азов иҳота кардааст. Минтақаи аз ҳама баланд дар Ғарб шохаҳои қаторкӯҳи Донетск (то 253 м. — нуқтаи баландтарини вилоят) ва дар Ҷанубу Шарқ теппаи Ергени мебошад.
Сарватҳои зеризаминӣ: антратсит ва ангишти коксшаванда (дар қисми шарқии Донбасс), квартсит (Тарасовский, Мешковский), оҳаксанги флюсӣ (Жирнов) ва ғайра. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи июл 22—24°С, январ дар Шимол —9°С, Ҷануб—5°С. Боришоти миёнаи солона назар ба Ғарб (650 мм) дар Шарқ
(400 мм) кам аст. Манбаи асосии об — дарëи Доя ва шохобҳои он: Север¬ский Донетс, Сал, Манич ва ғайра. Ҳайвонот: хаз, юрмони хурд, тавушқони калон бештар аст. Паррандаҳо: бедона, дуғдоғ, кабки хокистарранг.
Дар вилоят асосан русҳо, инчунин украинҳо, арманиҳо, белорусҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои калон: Ростови Дон, Таганрог, Новочеркасск.
Ростов яке аз индустриалитарин вилоятҳост дар Кавкази Шимолӣ. 95% маҳсулоти умумӣ ба саҳми саноатӣ коркарди маҳсулот рост меояд. Стансияҳои электрии олавӣ, аз он ҷумла ГРЭС-и Новочеркасск базаи энергетикӣ мебошанд. Дар Ростов ангиштсанг истихроҷ ва ангиштсанги антратситӣ тоза карда мешавад. Ростов аз ҷиҳати истеҳсоли электровоз ва комбайнҳои ғалладарав дар СССР ҷои якумро мегирад. Саноати химия ва саноати нефту химия ба истеҳсоли локу ранг, нахи сунъӣ ва воситаҳои шустушӯй махсус гардонида шудааст. Саноати сабук аз фабрикаҳои дӯзандагӣ, пойафзол, чарм, маснуоти чармӣ, чарчинворӣ, либосҳои таг ва рӯйи трикотажӣ иборат аст. Дар шаҳри Шахта комбинати калони матои пахтагин ҳаст. Саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла саноати гӯшт, вино, равған, тамоку, консерв тараққӣ карда аст.
Хоҷагии қишлоқи вилоят гуногунсоҳа буда, ба дараҷаи баланд механиконида шудааст. Соли 1975 дар вилоят 349 колхоз ва 301 совхоз буд. Зироаткорӣ ва чорводорӣ баробар тараққӣ мекунад. Замини ҳамвори назди Азов бештар
корам аст. Қариб 1,3% замини хоҷагии қишлоқро дарахтони мева ишғол кардаанд. Зироати асосӣ ғалладона. Шолизор хеле вусъат ёфтааст. Аз зироати техникӣ бештар офтобпараст кишт карда мешавад. Сабзавот мекоранд.
Чорводорӣ тараққӣ карда аст. Соли 1975 вилоят ин қадар чорво дошт (ба ҳисоби ҳазор cap): гов —2292, хук —2292, гӯсфанд ва буз—4246. Паррандапарвари низ тараққӣ кардааст (26,8 млн. cap).
Тӯли роҳи оҳан 1852 км (1974), роҳи автомобилгарди асфалтпӯш 5,4 ҳазор км (1974). Дарёҳои Дон, Северский Донетс ва Манич киштигарданд. Баъди сохтани канали киштигарди Волга-Дони ба номи В. И. Ле¬нин шаҳри Ростови Дон бандари 5 баҳр (баҳри Сиёҳ, баҳри Азов, баҳри Каспий, баҳри Балтик, баҳри Сафед) гардид. Аз ҳудуди вилоят газопровод (ба Москва ва Ленинград) мегузарад.
Соли таҳсили 1974/75 дар 2308 мактаби маълумоти умумӣ зиёда аз 660 ҳазор наф талаба, дар 85 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 43,5 ҳазор нафор хонанда, дар 65 омӯзишгоҳи махсуси касбҳои техникӣ бештар аз 84 ҳазар нафар хонанда, дар 16 макта¬би олӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар сту¬дент мехонд. Соли 1974 дар 1988 муассисаи томактабӣ бештар аз 170 ҳазор нафар кӯдак тарбия меёфт. Вилоят зиёда аз 60 муассисаи илмӣ дорад; калонтарини онҳо: Институти тадқиқоти илмии технологияи мошинсозӣ, Институ¬ти тадқиқоти илмии умумииттифоқӣ ва лоиҳакашию технологии заводи электровозсозӣ ва ғайра. Соли 1975 дар вилоят 1574 китобхонаи оммавӣ, 8 му¬зейи дорои 9 филиал, 7 театр, филармония ва сирк, 1759 клуб, 2651 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 88 муассисаи берун аз мактабӣ кор мекард.
Соли 1975 ба аҳолӣ 368 беморхонаи дорои 42,6 ҳазор кат (10,7 кат ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ), 11,9 ҳазор духтур хизмат расонд. 12 санатория ва курорт дорад.
Газетаҳои вилоятии «Молот» («Болга», аз соли 1917), «Комсомолетс» («Комсомол», аз соли 1923) чоп мешаванд. Телевизион барномаи якуми телевизиони Марказиро намоиш медиҳад, радио барномаи сеюми радиои Умумииттифоқро мешунавонад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …