Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Орёл

Вилояти Орёл

Орёл, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 27 сентябр 1937 ташклл шуда­аст. Масоҳаташ 24,7 ҳазор километр2. Аҳолиаш- 892 ҳазор нафар (1979). Вилоят ба 19 райони маъмурӣ тақсим шуда, 7 шаҳр, 13 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Орёл.

Табиат. Вилоят дар қисми марказии баландии Миёнаи Рус (баландиаш ба ҳисоби миёна 220—250 метр) воқеъ аст. Сатҳи территорияи  Орел ҳамвории нисбатан баланд ва сертеппа буда: онро водиҳои дарёҳо, сой ва ҷариҳо бурида мегузаранд. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз —9° Селсия дар ноҳияҳои шимоли ғарбӣ то 19,5° Селсия дар ноҳияҳои ҷануби шарқӣ.

Боришоти солона 570— 580- миллимето дар Ғарб ва 450—500 миллиметр. дар Ҷануби Шарқ Давраи нашв —185 шаборӯз. Тақрибан 60% территорияи Орёл ба ҳавзаи дарёи Ока мансуб аст. Дарёи Ока аз Ҷануб cap шуда ба масофаи 211 километр территорияи вилоятро бурида мегузарад. Шохобҳояш: Зуша, Оптуха, Рибниса, Нугр, Неполод, Орлик, Сон, Крона. Дар Ҷануби IIIарқ 31% территорияи Орёл ба ҳавзаи дарёи Сосна мансуб аст, ки он берун аз ҳудуди вилоят ба дарёи Дон мерезад.

Дар Ҷануби  Ғарб 9% территорияи Орёлро ҳавзаҳои дарёҳои Навля ва Нерусса (шохобҳои Десна) ташкил медиҳанд. Территорияи Орёл дар зо­наи бешадашт воқеъ аст. Тақрибан 36% замини он хоки муқаррарӣ ва сиёҳхоки беишқор буда, 31% он хокистарии тираи ҷангалӣ ва сиёҳхоки хокистарӣ, 6%’ чимтоли хокистарӣ ва хокистарии кушоди ҷангалист. Хоки районҳои ғарбии Орёл гуногун, хоки ноҳияҳои Шарқ ва Ҷануби Шарқ бошад якхелаи ҳосилхез аст. Тақрибан 8% масоҳати вилоятро беша пӯшонидааст. Қисми зиёди беша аз дарахтони тӯс, булут, зайзафун, сӯзанбарг ва ғайра иборат мебошад.

Дарёбод ва марғзорҳо дорад. Аз ҳайвонот гург, рӯбох, савсор, хази сиёҳ, шағора, сағобй, шоҳгавазп, хонгул, гуроз, заргӯш, гавазн, аз парранда титав, чилмурғ, эзорсурхак, кабк ва ғайра ҳастанд.

Аҳолӣ. Асосан русҳоанд. Зичли аҳолӣ дар 1 километр2 36,3 нафар. Шаҳрҳо; Орёл, Ливни, Мсенск ва ғайра.

Хоҷагӣ. Вилоят то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр аз ҷиҳати иқтисодӣ яке аз гӯшаҳои қафомондаи Россия ва асо­сан ғаллакор буд. Орёл дар солҳои Ҳокимиятп Советӣ ба вилояти саноатию аграрӣ табдил ёфт. Орёл соли 1973 назар ба 1940 15 маротиба бештар маҳсулоти саноатӣ баровард.

Соҳаи асосии саноат мошинсозист. Таҷҳизоти технологӣ барои саноати бофандагӣ, чарму пойафзол, шиша, хурокворӣ, инчунин автогрейдерҳо, мошинҳои обпошӣ, автопогрузчик, насосҳои марказгурез, таҷҳизот ба­рои истеҳсоли нахи сунъӣ, қисмҳои автомобил, трактор ва ғайра истеҳсол карда мешавад.

Саноати асбобсозӣ низ тараққӣ кардааст (асбобҳо ба­рои автоматҳо, мошинҳои ҳисоб, соат, қисмҳои радио ва ғайра); саноати металлургия (хӯлаҳои ранга, сими пӯлодин ва ғайра), химия (пластмассаҳо, маснуоти резинотехникӣ), сабук (пойафзол, сару либос) пеш рафтааст. Саноати хурокворӣ ҳам мавқеи калон дорад. Соҳаҳои муҳими он: заводҳои қанд (Отрада, Колини, Залегош, Ливни), комбинатҳои гӯшт (Орёл, Мсенск, Верхове, Змиёвка), корхонаҳои истеҳсоли спирту арақ, равғану панир, оҳор.

Xоҷагии қишлоқ асосан бо ғаллакорию чорводорӣ машғул аст. Вилоят 107 совхо­зу 302 колхоз дошт. Дар ин ҷо асо­сан ҷави баҳорӣ, гандуми баҳорӣ, ҷавдор, сулӣ, катон, инчунин арзану лӯбиё, марҷумак, ҷуворимакка (ба­рои силос), алафҳои яксола ва ғайра кишт мекунанд. Дар районҳои ғар­бӣ бештар картошка, алаф, дар районҳои ҷануби шарқӣ ғалладона ва лаблабӯи қанд мекоранд. Аз чорво бештар говҳои ширу гӯштеҳ мепарваранд. Дар вилоят аспҳои зотӣ низ мепарваранд. Тӯли роҳи оҳан 491 километр. Тӯли роҳҳои автомобилгард 9,7 ҳазор километр. Муҳимтарин роҳи автомобилгарди вилоят магистрали Москва—Сим­феропол аст. Як қисми нефтепрово­ди «Дӯстӣ» (202 километр) аз территорияи вилоят мегузарад. Роҳҳои ҳавои Орёлро бо бисёр марказҳои аҳолинишини ви­лоят, шаҳрҳои Воронеж ва Москва мепайвандад.

Маориф, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ. Нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1978—79 дар 742 мактаби маълумоти умумӣ 113,6 ҳазор нафар, дар 15 мактаби миёнаи махсус 14,5 ҳазор нафар талаба, дар Институти педагогӣ 5647 нафар, дар филиали Институти маданияти Москва 410 нафар, дар филиа­ли Институти мошинсозии ғоибонаи умумииттифоқӣ 2073 нафар студент (ҳа­маи ин донишкадаҳои олӣ дар шаҳри Орёланд) таҳсил мекард. Соли 1979 дар 233 муассисаи томактабӣ 23,2 ҳазор кӯдак тарбия меёфт.

Дар вилоят Институ­ти тадқиқоти илмии мошинсозии сабук, филиали Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии мошинсозии сабук ва саноати бофандагӣ воқеъ аст. Соли 1979 567 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносии вилоятӣ, Нигористони вилоятӣ, музеи И. С. Тур­генев, театри лӯхтак (дар Орёл), Театри драмавӣ-вилоятии ба номи И. С. Тургенев, 777 клуб, 695 дастгоҳи кинонишондиҳӣ буданд. Соли 1979 дар Орёл 2396 духтур ва дар беморхонаҳои он 11,1 ҳазор кат буд.

Газетеҳои вилоятии «Орловская прав­да» (аз соли 1917) ва «Орловский ком­сомолес» (1922) нашр мешаванд. Барномаҳои радиои умумиттифоқ ва телевизиони Марказӣ мунтазам шунавонда ва намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …