Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Новосибирск

Вилояти Новосибирск

Новосибирск, вилоятест дар Ҳайати РСФСР. 28 сентябри 1937 ташкил шудааст. Масоҳаташ 178,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 2618 ҳазор нафар (1.1.1979). Новосибирск ба 30 район тақсим шуда, 14 шаҳри 17 птш дорад. Марказаш шаҳри Ново­сибирск. Новосибирск бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1957, 1970).

Табиат. Новосибирск дар ҷанубу шарқии ҳамво­рии Сибири Ғарбӣ, асосан байни дарёҳои Об ва Иртиш ҷойгир буда, қисми ҷануби  ҳамвории Васюган ва пастхамии Барабииро ишғол меку­над. Ба Шарқ то қаторкӯҳи Салаир кашол меёбад. Релефаш асосан ҳамворӣ теппадор буда, баландиаш то 150—200 м, танҳо дар шарқи назди Салаир теппаҳо то 300—350 м баланд мешаванд. Дар қисми маркази ва ҷануби қатортеппаҳо бисёранд (баландиашон 6—10 и); дар пастиҳои байни қатортеппаҳо ботлоқу кулҳо воқеанд. Ҷанубтар аз Новосибирск кони ангиштсанг — ҳавзаи антрасити Горловка ва pайони Завялови Кузбасс, дар Шимоли Бараба кони торф ҷойгир аст. Дар Шимолу Ғарб вилояти конҳои нефт ва гази табиӣ кушода шудаанд. Иқлимаш континентии шадид. Ҳарорати миёнаи январи дар Ҷануб —16° С, дар Шимол —20 °С; тобистонаш кӯтоҳи гарм, ҳарорати миё­наи июл аз 18° то 20° С. Боришоти солона 300—450 мм. Даври нашви растанӣ дар шимол вилоят 144—148, дар Ҷануб 158—163 шабонарӯз. Дарёҳои ка­лони сероб ва киштигард — Об ва Иртиш. Дар маҷрои Об обанбори Новосибирск сохта шудааст. Кӯлҳои калон: Чани, Сартлан, Убинекое, Урюм ва ғайра 28% территорияи вилоят ботлоқзор. Хокаш асосан хокистарранг, хокистарранги бешагӣ ва сиёҳхок. Аз 1/5 қисми территорияи вилоятро беша пӯшондааст (ладен, коҷ, қарагай, чалғӯза, тӯс, заранг, баргларзон ва ғайра). Олами ҳайвоноташ гуногун: хирс, гавазни шишолӣ, шоҳгавази, силовсин, хонгул, сагобӣ, қундузи обӣ, гург, рӯбоҳ, харгӯш, қоқум, санҷоб; аз парравдаҳо тазарв, мурғи чипор ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Дар дарёю кӯлҳояш моҳӣ бисёр.

Аҳолӣ. Дар Новосибирск русҳо, украинҳо, белорусҳо, немисҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва ғайра эиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 14,1 кас. Шаҳрҳои калон: Новосибирск, Барабинск, Бердск, Искнтим, Куйбишев, Татарск.

Хоҷагӣ. Саноати вилояти пуриқтидор ва хоҷагии қишлоқаш серсоҳил аст. Маҳсулоти умумии саноат соли 1973 назар ба 1940 1939 маротиба афзуд. Дар вилоят корхонаҳои саноати электроэнергетика, металлургияи сиёх ва ранга, мошинсозӣ ва коркарди металл, химия, ҷангал ва чӯбгарӣ, масолеҳи биноко­рӣ, саноати сабук, хӯроквори ва ғайра мавҷуданд. Нефтепроводи Бошқирдистон — Омск — Новосибирск Иркутск амал мекунад. Металлро Новосибирск асосан аз Кузбасс, Урал ва Казоқистон мегирад. Аксарияти корхонаҳои саноати вазнин дар Новосибирск ҷойгиранд. Истеҳсоли семент (Искитим), маснуоти сафолӣ (Дорогино), чӯбу тахта низ тараққӣ кардааст. Дар хоҷагии қишлоқ кишти ғалладона ва парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ бартари дорад.

Аз зироати ғалладона истеҳсоли гандуми баҳорӣ, чуворимакка, аз зироати техникӣ зағир ва картош­ка аҳамияти калони хоҷагӣ дорад. Соли 1974 вилоят 292 совхоз ва 169 колхоз (аз он ҷумла 6 колхози моҳигирӣ); 635 ҳазор гов, 1637 ҳазор бузу гӯсфанд, 460 ҳазор хук, 104 ҳазор асп ва 8876 ҳазор cap Mypғ дошт. Тӯли роҳи оҳан 1533 ки (1972). Роҳҳои оҳани асосӣ: участкаи шоҳроҳи Транссибир, Новосибирск — Кузбасс, Новосибирск Барнаул, Татарск — Карасук — Кулунда, Карасук — Камени лаби Об. Соли таҳсили 1914—1915 дар вилоят 547 мактаби маълумоти умумӣ (35,4 ҳазор талаба), 1-то мактаби миёнаи махсус (79 талаба) буд. Соли таҳсили 1973—1974 дар 2060 мактаби маълумоти умумӣ 466,1 ҳазор талаба, дар 51 мактаби миёнаи махсус 52,6 ҳазор талаба, дар 80 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 34.6 ҳазор хонанда, дар 14 мактаби олӣ, инчунин дар филиали Институти технологии саноати сабуки Москва ва дар факултети шабонаи Институти ҳуқуқшиносии Свердловск (ҳамааш дар Новосибирск) 75,7 ҳазор студент таҳсил мекард. Соли 1973 дар 1138 муассисаи то мантаби 93,9 ҳазор кӯдак тарбия меёфт.

Соли 1974 дар вилоят 955 китобхонаи оммавӣ, 4 музей: музеи вилоятии кишваршиносӣ (филиали Хона- музеи С. М. Киров),  Нигористони вилояти Новосибирск, Музеи В. В. Кушбишев дар шаҳри Куйбтшев (собиқ Каинск, ки он ҷо солҳои 1907-1909 Куйбишев дар бадарға буд); 6 театр (ҳамааш дар Новосибирск), 1404 клуб, 1984 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 36 хонаи пионерон, 5 стансияи техникҳо ва табиатшиносони ҷавон, 25 мактаби спортии бачагона ва ғайра буд. Газетаи вилоятии «Советская Си­бирь» (аз 1919), газетаи комсомолии «Мо­лодость Сибири» (аз 1920) нашр мешавад. Радио ва телевизион амал мекунанд. Соли 1973 дар вилоят 276 муассисаи табобатии дорои 29,2 ҳазор кат буд. (11,6 кат ба 1000 нафар аҳолӣ); 7,4 ҳазор духтур ба аҳолӣ хизмат мерасонад (1 духтур ба 341 нафар аҳолӣ). Вилоят курорту санаторияҳо дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …