Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Новгород

Вилояти Новгород

Новгород, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 5 июли 1944 ташкил шуда­аст. Дар ғарби Қисми европоип СССР ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 55,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 722 ҳазор нафар (1979). Ба 21 райони маъмурӣ таҷсим шуда, 10 шаҳр ва 20 птш дорад. Марказаш шаҳри Новгород. Вилоят бо ордени Ленин (1976) мукофотонида шудааст.

Табиат. Релефи Новгород ба ҳамвории қисми ғарбӣ ва баландии қисми шарқӣ тақсим шудааст. Қисми ғарбиро пастии Назди Илмен, ки қисми зиёдаш ботлокзор мебошад. ишғол кардааст. Дар Ҷанубу Шарқи— баландии мо­рении Валдай (баландиаш то 296 м, кӯҳи Рижоха), дар Шимолу-Шарқ— қаторкӯҳи Тихвин (баландиаш то 280 м) воқеъ гардидааст.  Иқлимаш  континентии мӯътадил. Зимистонаш нарми сербарф. Ҳарорати- миёнаи январ аз —7,5 то —10,20 С; тобистонаш гарми мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл аз 16,5 то 17,5° С. Боришоти солона 700—800 мм. Давраи нашв 119—132 шабонарӯз. Аксарияти дарёҳо ба ҳавзаи кӯли Илмен (кули калонтарини вилоят) мансубанд. Кӯлҳои калон: Мста, Ловат, Пола, Шелоп. Аз кӯли Илмен дарёи Волхов ҷорӣ мешавад, Дар Новгород кӯлҳо бисёранд. (Вал­дай, Ужин, Веле, Пирос ва ғайра). Хокаш асосан чимтолию хокистарранг, дар Шимолу Ғарби ботлоқзор. Ҷангал зиёда аз 50% территорияи Новгородро ишғол кардааст. Дар Шимол ва Шимолу Шарқи дарахтони коҷ, санавбар, дар қисми ғарбӣ да­рахтони тӯс, баргларзон, роздор мерӯянд. Дар баъзе пойҳо бешаи да­рахтони булут вомехӯрад. Қариб 7% территорияи Новгородро Mapғзop ишғол намуда аст.

Дар вилоят шоҳгавазн, рӯбоҳ, сагобӣ, шағора, ҳазор, савсор, саиҷоб, харгӯш ва гург ҳаст. Дар дарёҳою кӯлҳо моҳии шӯртан, леш ва ғайра бисёр.

Аҳолӣ — асосан русҳо, иичунин украинҳо, белорусҳо ва дигар миллатҳо. Зиҷии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 13 нафар. Аксарияти аҳолӣ дар шаҳру посёлкаҳои типи шаҳрӣ зинндагӣ мекунад. Шаҳрҳои Окуловка, Пестово, Чудово, Малая Вишера ва дигар дар давраи Ҳокимияти Советӣ бунёд гардиданд. Шаҳрҳои асосӣ: Новго­род, Боровичи, Старая Русса.

Хоҷагӣ. Соҳаҳои асосии саноат—мошинсозӣ дақиқ, ва коркарди металл. Инчунин саноати химия, ҷаггал, шишаю чинӣ, сабук ва саноати хӯроквори тараққӣ карда истодаанд. Корхонаҳои асосӣ дар Новгород (заводи «Волна», «50-солагии Октябр», зоводи электровакуум ва ғайра), Боровичи (истеҳсоли дастгоҳҳои автоматӣ) ҷой гирифтанд. Корхонаҳои чӯбгарӣ ва селлюлозаю коғаз асосан дар Новго­род (комбинати мебел), Парфино (комбинати фанер), Окуловка (комбинати селлюло­заю коғаз), Боровичи (фабрикаи коғаз), Чудово (фабрикаи гӯгирд) воқеанд. Дар вилоят миқдори зиёди корхонаҳои саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ мавҷуданд. Зағирпарварӣ ва парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ вилоятӣ мебошад. Соли 1973 дар Новгород 101 колхоз ва 130 совхоз буд. Дар вилояти гандум, навдор, сулӣ, картошка, сабзавот ва зироати хӯроки чорво парвариш карда мешавад. Дар вилояти (1974) 381,7 ҳазор гов (аз он ҷумла 166,8 ҳазор модагов), 195,5 ҳазор гӯсфанд, 146,3 ҳазор хук, 2116,6 ҳазор парранда буд. Тӯли роҳи оҳан 1149 км (1972). Аз территорияи вилояти роҳи оҳан Москва — Ленин­град, Бологое — Псков, Ленинград — Дно, Луга—Новгород мегузарад. Дарозии роҳи автомобилгард қариб 6 ҳазор км. Дарозии роҳҳои обӣ қариб 700 км. Баъзе дарёҳо (аз он ҷумла Вол­хов, Мета) ва кӯлҳо (Илмен, Вал­дай) киштигарданд.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1973/74 дар 839 мактаби таълими умумии намудҳои дар 23 омӯзишгоҳи касбҳои -техникӣ 7,9 ҳазор, дар 14 мактаби миёнаи  махсус 12 ҳазор хонанда ва дар институти  политехникӣ ва институти педагогӣ (ки дар Новгород) 5,3 ҳазор студент таҳсил мекард. Дар вилояти филиали институти хоҷагии қишлоқ Ленинград ҳаст. Соли 1973 дар Новгород 373 муассисаи томактабӣ буд, Дар вилоят 599 китобхонаи умумӣ, музеи таъриху меъморӣ (дар Новгород),музеи кишваршиносӣ (дар Старая рус­са ва Валдай), Хона-музеи Ф. М.    До­стоевский (дар Старая Русса), музей-мулки А .В. Суворов (дар деҳаи Кончанский — Суворов) ва ғайра вуҷуд дорад. Ғайр аз ин дар вилоят Театри драмаи вилоятии Новгород, 765 клуб, 1102 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ ва ғайра ҳаст. Дар Новгород газетаҳои вилоятии «Новгородская правда» (аз 1917) ва «Новгородский комсомолец» (аз 1957) нашр мешаванд. Радиои вилоятӣ программаи 1-уми радиои Умумииттифоқӣ, ст. «Маяк»-ро мешунавонад. Аҳолии Новгород программаи 1-уми телевизиони Марказӣ ва программаҳои телевизиони Ленинградро тамошо мекунад.

Соли 1974 дар вилояти 94 беморхонаи дорои 9,1 ҳазор кат (12,6 кат ба 1 ҳазор нафар- аҳолӣ) буд; 1,7 ҳазор духтури гуногунихтисос кор мекард. Дар Новгород курорти Старая Русса, 7 санатория ҳаст. Марказҳои асосии туризм: Нов­город — 2, Старая Русса, Валдай.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …