Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ХЕРСОН

Вилояти ХЕРСОН

kherson_in_ukraine_-claims_hatched-svg

ХЕРСОН, вилоятест дар РССУкраина 30 марти 1944 таъсис ёфтааст. Масоҳат 28,5 ҳазор мм2. Аҳолиаш 1205 ҳазор нафар (1984), аҳодии шаҳрӣ 60%. 18 райони маъмури, 8 шаҳр ва 30 пгш дорад; маркаааш шаҳри Херсон. Дар ҳудуди пастиҳои Наздибаҳрисиёҳ ҷойгир шудааст. Дарёи асосиаш Днепр. Дар ҳудуди Xерсон обанбори Каховка воқеъ аст. Харорати миёнаи январ — 3°0, июл 23—24°С. Боришоти солона 300— 400 мм. Заминҳояш асосан сиёҳхок. Ҷо-ҷо дарахтзору буттазорҳо мавҷуданд.
Соҳаҳои саноаташ : мошивсозӣ (киштисозӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра), коркарди нефт, саноати хӯрокворӣ, сабук ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. ГЭС-и Каховка ҳаст. Асосан гандум, ҷуворимакка, шолӣ, офтобпараст, канаб, сабзавот мекоранд; ноку боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Гов, хук, гӯсфанди маҳинпашм мепарваранд. Курортҳояш: Складовск, Гопри. Мамнӯъгоҳҳо: Аскания-Нова ва Черноморск. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …