Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ХАРКОВ

Вилояти ХАРКОВ

xark

ХАРКОВ, вилоятест дар ҳайати РССУкраина 27 феврали 1932 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 31,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 3126 ҳазор нафар (1984). Аҳолии шаҳрӣ 77%. 25 район, 16 шаҳр ва 62 птш дорад. Марказаш шаҳри Харков. Вилоят дар канори ҷанубу ғарбии баландии Миёнаи Рус ҷой гирифтааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз -7 то — 8°С, июн 20—2ГС. Боришоти солона 450 —570 мм. Дарёи асосӣ — Северский Донец бо шохобаш Оскол. Кӯлҳо: Лимаи, Боровое, Чайка, Лебяже ва ғайра; обанборҳо: Печенеги, Красный Оскол. Замини Xарков сиёҳхок. Қисми зиёди ҳудуди вилоят заминҳои корам буда, ҷо-ҷо бешаҳои паҳнбарг (булут, заранг, зирфун) ва санавбарзорҳо вомехӯранд.
Вилояти Xарков ба ноҳияи иқтисодии Донецу Наздиднепр дохил аст. Соҳаи асосии саноат— мошинсозӣ (тракторсозӣ, турбинасозӣ, дастгоҳсозӣ, асбобсозӣ, электротехникӣ, таҷҳизот барои саноати ангишт ва полиграфӣ ва ғайра)» Корхонақои саноати химия, хӯрокворӣ, сабук, чӯбгарӣ, истеҳсоли масолеқи бинокорӣ низ мавҷуданд. Манбаи энергетикиаш ГРЭС-и Змиёв. Марказқои саноат: Харков, Изюм, Лозовая, Купянск, Балаклея, Чугуев ва ғайра. Зироатҳои хоҷагии қишлоқ: гандум, ҷав, ҷуворимакка, офтобпараст, лаблабуи қанд, картошка ва сабзавот. Боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз чорво гов, хук, гӯсфанд мепарваранд. Курортҳояш: Чашмаҳои Минералии Берёзовка, Рай-Елеиовка, Роща. Вилоят бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958, 1968).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …