Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Хакас

Вилояти Хакас

ХАКАС, Вилояти Автономии Хакас (Хакасия), дар ҳайати кишвари Красноярски РСФСР. 20 октябри 1930 ташкил шудааст. Масоҳаташ 61,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 547 ҳазор нафар(1986), аҳолии шаҳрӣ 72%, хакасҳо, русҳо, украинҳо ва ғайра 8 райони маъмурӣ, 5 шаҳр ва 17 птш дорад. Марказаш шаҳри Абакан. Дар қисми ғарбии хамии Минуса, қад-қади соҳили чапи дарёи Енисей, дар нишебиҳои шарқии Алатови Кузнеск ва нишебиҳои шимоли Саяни Ғарбӣ воқеъ гардидааст.

hakasi

Иқлимаш ниҳоят континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз —16 то —20°С. Июл 18—20°С. Боришоти солона 300—600 мм. Дарёи асосӣ Енисей бо шохобаш Абакан. Соҳаҳои асосии саноат: саноати истихроҷ (ангиштсанг, маъдани оҳан, металлҳои ранга, мармар), ҷангал, чӯбгарӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Дар дарёи Енисей ГЭС-и Саяну Шушенск сохта шудааст. Ғалладона (асосан гандум) мекоранд. Гов, гӯсфанд, хук мепарваранд. Аз Абакан то Қизил роҳи автомобилгарди Усин тӯл кашидааст. Дар дарёи Енисей киштӣ меронанд. Xакас бо орденҳои Ленин (1987) ва «Дӯстии Халқҳо» (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …