Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Одесса

Вилояти Одесса

Одесса, вилоятест дар ҳайати РССУ. 27 феврал 1932 ташкил шудааст. Дар ҷануби ғарбии Украина воқеъ аст. Масоҳат 33,3 ҳазор километр2. Аҳолиаш 2544 ҳазор нафар (1979). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 26 район, 14 шаҳр ва 29 птш тақсим мешавад. Марказаш шаҳри Одесса (ақолӣ 1046, ҳазор нафар, 1979).

            Табиат. Қисми зиёди территорияи Одесса дар пастхамии назди баҳри Сиёҳ ҷойгир аст, ки он тадриҷан ба самти баҳри Сиёҳ паст мешавад; дар соҳил лиманҳои бисёр дорад (калонтарини онҳо Куялниский ва Ҳоҷибей). Дар қисми шпимоли вилоят шохаи силсилаи теппаи Подолск (баландиаш то 268 метр), ки он оббурда ва ҷойҳои чуқур дорад, кашол меёбад. Дар байни дарёҳои Днестр ва Прут, қад-қади сарҳади PСС Молдавия теппае воқеъ аст, ки то 232 метр баландӣ дорад.

Иқлимаш континентии муътадил, тобистонаш хушк гарм, зимистонаш камбарфи мулоим. Ҳарорати миёнаи январ аз 2° дар Ҷануб то —5°Селсия дар Шимол; июл аз 21 дар Шимоли Fарб то 23®Селсия дар Ҷануб. Боришоти солона 350—470 миллиметр Қисми ҷануби вилоят бебориш. Давраи нашви растанӣ 168—200 шаборӯз аст. Дарёҳо ба баҳри Сиёҳ ҷорӣ мешаванд. Дарёҳои калон:   Дунай,

Днестр, Надима ва Савранка (шохоби Буги Ҷанубӣ). Дар резишгоҳи Дунай ва Днестр ботлоқзор ҳаст. Бисёр дарёчаҳое ҳастанд, ки тобистон хушк мешаванд. Дарёҳои калон аҳамияти муҳими хоҷагӣ, киштигардӣ, обёрӣ доранд. Кӯлҳо: Кагул, Ялпут, Катлабух (шириноб), Сасик, Шагани, Алибой, Бурнас (шӯроб).

Дар вилоят асосан заминҳои сиёҳҳоки ҷанубӣ ва муқаррараи камгумусдор дида мешаванд; дар Шимол сиёҳҳоки камгумусдор ва хокистарӣ бартарӣ дорад. Хоки ноҳияҳои назди баҳр сиёҳу шӯрзамии. Дар Шимол массивҳои начандон калони беша (булут, шамшод, шумтол, зайзафун) мерӯяд. Аз ҳайвонот заргӯш, юрмон ва ғайра; аз парранда уқоби баҳрӣ, уқоб,- мурғобии гуногуи ва ғайра хаст. Дарёҳо ва оби назди соҳили баҳри Сиёҳ моҳии бисёр дорад.

Аҳолӣ. Лз нисф зиёди аҳолии Одесса украинҳо, инчунин русҳо, булғорҳо, молдавиҳо, яҳудиён ва дигар зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолй дар 1 километр2 74,8 кас. 59%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат дорад. Шаҳрҳои калон: Одесса, Измаил, Белгород-Днестровский, Иличевск ва Котовск.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ шаҳрҳои Арсиэ, Берёзовка, Разделная, Анан­ев бунёд шуданд.

            Хоҷагӣ. Дар солҳоп Ҳокимияти Советӣ Одесса аз минтақаи аграрии танҳо ғаллакор ба яке аз вилоятҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққии РССУ табдил ёфт. Ҳаҷми у мумии маҳсулоти саноатӣ соли 1973 назар ба 1940 бештар аз 8 маротиба афзуд. Соҳаҳои саноатӣ коркарди металл, хӯрокворӣ, сабук ва химия тараққӣ кардааст. Барои пурра кардани танзими сӯзишворию энергетика аз До­неск ангишт, аз нефтепровода «Дружба» ва аз Полтава нефт, аз Шебелинка гази табиӣ мегирад. Маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл соли 1972 назар ба 1960 3,5 маротиба афзуд.

Ин соҳаи саноат дар Одесса ҷойгир буда, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, дастгоҳ, тарозу, кранҳои худгард ва борбардор, киноап­паратура, барои саноати химия ва полиграфия ва ғайра таҷҳизоти гуногун истеҳсол мекунад. Дар Одесса, Иличёвск, Измаил, Килия заводҳои киштитаъмпркунӣ ҳастанд. Корхонаҳои калони саноати хӯрокворӣ ва сабук дар Одесса, Измаил, Белгород-Днестровский, Котовск, Килия, Татарбунари, Балта. Белград воқеанд. Сано­ати химия асосан бо ашёи хоми кашондашаванда кор мекунад; дар Одесса корхонаҳои химияи нефт, супер­фосфат, линолеум, рангубор, массаҳои пластикӣ ва ғайра (асосан дар шаҳри Одесса) воқеанд. Корхонаҳои саноати селлюлозаю коғаз, масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардааст.

Маҳсуло­ти саноати Одесса ба ҳамаи ресггубликаҳои иттифоқӣ, инчунин ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ бароварда ме- шавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ (солҳои 70) растанипар- варӣ 61,8% ва чорводорӣ 38,2% буд. Соҳаҳои пешқадами хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорвои ширу гуштдеҳ аст. Соли 1973 дар вилоят 417 колхоз (аа ҷумла 16 колхози моҳидорӣ) ва 101 совхоз буд. Дар вилоят асосан гандум, ҷуворимакка, аз зироати техникӣ офтобпараст, лаблабуи қанд, картошка кишт мешавад. Сабзавоткорӣ, зироати полизӣ, боғдорӣ, токдорӣ вусъат ёфтааст. Соли 1974 вилоят (ба ҳисоби ҳазор cap) 402,3 гов, 1449,2 хук, 1013,6 бу­зу гӯсфанд, 4310,4 мурғу мурғобӣ дошт. Тӯли роҳи оҳан 1039 километр. Роҳҳои асосӣ:   Москва — Киев — Одесса,

Лвов — Одесса, Одесса — Измаил, Одесса — Котовск ва ғайра. Дарозии родҳҳои автомобилгард 8,7 ҳазор километр. Родҳҳои асосӣ:          Одесса — Ленинград,

Одесса — Кишинёв. Нақлиёти баҳрӣ (бандарҳои Одесса, Иличёвск, Бел­город — Днестровский) ва дарёӣ бандарҳои Измаил, Рени, Вилково, Килия) аҳамияти калони хоҷагӣ дорад. Нақлиёти ҳавоии дохилӣ Одессаро бо марказҳои районҳо, бо дигар шаҳрҳо мепайвандад. Як қисми газопроводи Шебелинка — Одесса аз терр.иторияи Одесса мегузарад.

            Сохтмони маданӣ  ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1914/15 дар территорияи ҳозираи Одесса 1004 мактаби маълумоти умумӣ, (97,7 ҳазор тала- ба), 4 мактаби миёнаи махсус (312 талаба), 4 мактаби олӣ (4066 сту­дент) буд. Соли таҳсили 1973/74 дар 1164 мактаби маълумоти умумӣ 407,2 ҳазор ва дар 36 мактаби миёнаи махсус 44,4 ҳазор талаба, дар 16 мак­таби олӣ (Университети Одесса, Институти политехникии Одесса, Институти инженерони флоти баҳрӣ, Консерваторияи Одесса ва ғайра) 83,2 ҳазор студент таҳсил кард. Дар 816 муассисаи томактабй зиёда аз 90 ҳазор кӯдак тарбия ёфт.

Дар Одесса Институти умумииттифоқии селексияю генетика, Институти тадқиқоти илмии токдорӣ ва винои Украи­на, Институти илмии вирусология ва эпидемиологияи ба номи И. И. Меч­ников, Институти тадқиқоти илмии касалиҳои чашм ва теранияи бофтаҳо ба номи В. П. Филатов, Институти тадқиқоти илмии дастгоҳу асбоби Ук­раина, Институти тадқиқоти илмии са­ноати консерви Украина, Институти тадқиқоти илмии хоҷагии моҳидории баҳрҳои Азову Сиёҳ ва океаногра­фия, Расадхонаи астрономии Одес­са ва дигар муассисаҳои илмӣ воқеъ гаштаанд. 1 январи 1973 дар Одесса 1263 китобхонаи оммавӣ, 7 музей — музеи таърихӣ-кишваршиносӣ, ар­хеология, музеи санъати Ғарб ва Шарқ, музеи флоти баҳрии СССР (дар Одесса), музеи кишваршиносии Белгород-Днестровский, Музеи А. В. Суворов дар Измаил, 6 театр (ҳамааш дар Одесса), филармонияи вилоятӣ, 1055 клуб, 1366 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ буд.

Газетадои вилоятии «Чорноморска комуна» (аз соли 1917), «Комсомоль- ська icKpa» (1922; ҳар ду ба забони украинӣ), «Знамя коммуны» (1938) ба забони русӣ нашр мешаванд. Барномаҳои радио ва ахбору намоишҳои телевизион ба забонҳои украинӣ, ру­сӣ ва молдавӣ бурда мешавад. То 1 январи 1973 дар Одесса 237 муассисаи табобатии дорои 26,5 ҳазор кат (10,8 кат ба 1 ҳазор кас) буд; 10,0 ҳазор духтур (1 духтур ба 247 кас) ба аҳолӣ хизмат мерасонд. Курортҳояш хеле маъмуланд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …