Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти УРАЛ

Вилояти УРАЛ

УРАЛ, вилоятест дар ҳайати РСС Қазоқистон 10 марти 1932 таъсис ёфтааст. Масоҳат 1551,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 607 ҳазор нафар (1934), аҳолии шаҳрӣ 41%. 16 райони маъмурӣ, 3 шаҳр ва 6 птш дорад. Маркаааш шаҳри Уралск.

ural-vУрал дар пастии Наздикаспий воқеъ гаштааст, қисми шимолиашро шохаҳои баландии Сирти Миёна (баландиаш то 263 м) ишғол кардаанд. Иқлимаш ниҳоят континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз —11 то —14°С, июл 24—30°С. Боришоти солона қариб 250 мм. Дарёи асосиаш Урал. Хоки заминаш сибҳ, хурмой, ҷо-ҷо шӯразамин. Дар қисми шимоли Урал растаниҳои даштӣ ва дар қисми ҷанубиаш растаниҳои нимбиёбонӣ мерӯянд.
Вилояти Урал ба Ноҳияи иқтисодии Қазоқистон дохил мешавад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди металл, хӯрокворӣ (гӯшт, равғанкашӣ ва ғайра) ва саноати сабук. Марказҳои асосии саноатиаш: Уралск, Оқсой, Чапаев. Дар хоҷагии қишлоқ ғаллакорӣ (асосан гандум, ҷав) ва чорводорӣ (гӯсфанд, гов, асппарварӣ) мавқеи асосӣ доранд. Дарёии Урал киштигард аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …